Русия: Ҷосуси боздоштшуда дорои шаҳрвандии Британия аст
Вазорати хориҷаи Русия эълом кард, фарди амрикоӣ, ки ба тозагӣ дар Маскав ба иттиҳоми ҷосусӣ дастгир шудааст, шаҳрвандии британияӣ дорад.
Ба гузориши хабаргузории Спутник, Вазорати хориҷаи Русия рӯзи ҷумъа таъйид кард, Пол Уилан (Paul Whelan), ки ба иттиҳоми ҷосусӣ дастгир шуда буд, шаҳрвандии Британияро дорад.
Равобити умуми хадамоти амнияти федералии Русия рӯзи душанбе эълом кард, ки неруҳои амниятии ин кишвар Пол Уиланро ҳангоми анҷоми фаъолиятҳои ҷосусӣ дастгир кардаанд.
Русия пештар тасреҳ карда буд, имкони дастрасии консулӣ ба Пол Уиланро барои Вашингтон фароҳам кардааст.
Майк Пампео, вазири умури хориҷаи Амрико ҳам аз Русия хоста буд, фавран Уиланро озод кунад. Вай гуфт, Вашингтон аз Маскав хоста дар бораи сабаби боздошти ӯ тавзеҳ диҳад.