Кудатои нофарҷом дар Габон ва боздошти кудаточиён
https://parstoday.ir/tg/news/world-i40780-Кудатои_нофарҷом_дар_Габон_ва_боздошти_кудаточиён
Давлати Габон аз шикасти кудатои низомӣ дар ин кишвар ва боздошти кудаточиён хабар дод.  
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Январ 07, 2019 15:59 Asia/Dushanbe
  • Кудатои нофарҷом дар Габон ва боздошти кудаточиён

Давлати Габон аз шикасти кудатои низомӣ дар ин кишвар ва боздошти кудаточиён хабар дод.  

Давлати Габон дар паи интишори ахборе дар бораи кудатои шуморе аз низомиёни ин кишвар эълом кард, авзоъ дар кишвар таҳти контрол аст.  

Давлати Габон эълом кард, низомиёне, ки ба сохтмони радиои миллӣ ҳамла карда буданд, боздошт шудаанд.

Шуморе аз низомиёни артиши Габон дар сооти нахусти рӯзи душанбе бо ҳамла ба сохтмони радиои миллии ин кишвар, контроли онро ба даст гирифтанд ва аз ташкили Шӯрои миллии ислоҳот хабар доданд.

Кудаточиён эълом карданд, суханони ахири Алӣ Бонго, раисҷумҳури Габон боиси эҷоди тардиди зиёде дар бораи тавоноии ӯ барои анҷоми вазоифаш шудааст ва бештари нерӯҳои артиш аз ғайбати тӯлонимуддати раисҷумҳур норозӣ ҳастанд.

Алӣ Бонго октябри 2018 барои ширкат дар як конфронси иқтисодӣ ба Арабистон рафт ва сипас нопадид шуд.

Давлати Мағриб ахиран бо интишори гузорише муддаӣ шуд, раисҷумҳури Габон барои дармони бемории худ дар Мағриб ҳузур дорад.

Раисҷумҳури Габон ахиран эълом карда буд, давраи душвореро пушти сар гузоштааст ва ба зудӣ ба кишвараш боз мегардад.

Габон дар ғарби Африқои марказӣ, дар канори халиҷи Гвинея ва дар савоҳили шарқии уқёнуси Атлантик қарор гирифта ва бо кишварҳои ҷумҳурии Конго, Камерун ва Гвинеяи Экваторӣ ҳамсоя аст.