Январ 09, 2019 19:48 Asia/Dushanbe
  • Мухолифати Маскав бо тарҳи эъзоми нерӯи рус ба Афғонистон

Муовини вазири хориҷаи Русия дар вокуниш ба суханони раисҷумҳури Амрико гуфт, Маскав тасмим надорад, ба Афғонистон нерӯи низомӣ бифиристад.

Сергей Рябков гуфт, Русия бо давлати Афғонистон аз наздик ҳамкорӣ дорад ва ин ҳамкорӣ дар ҳоли тақвият аст.

Вай таъкид кард, Маскав ҳеч тарҳе дар заминаи эъзоми нерӯи низомӣ ба Афғонистон надорад.

Муовини вазири хориҷаи Русия ин изҳоротро дар вокуниш ба суханони Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико баён кардааст, ки гуфта буд, кишварҳои ҳамсояи Афғонистон аз ҷумла Покистон, Русия ва Ҳинд бояд дар Афғонистон биҷанганд.

17 сол аз ҳамлаи нерӯҳои низомии Амрико ба Афғонистон ба баҳонаи эҷоди амният ва нобудии террористҳо дар ин кишвар мегузарад, аммо дар Афғонистон субот ҳоким нашуда ва ин кишвар ҳамчунон ноамн аст.