Ҳамлаи террористӣ ба хатиби масҷиди Абдурраҳмони Кобул
https://parstoday.ir/tg/news/world-i40864-Ҳамлаи_террористӣ_ба_хатиби_масҷиди_Абдурраҳмони_Кобул
Хатиби масҷиди Абдурраҳмони шаҳри Кобул, пойтахти Афғонистон аз як ҳамлаи террористӣ ҷон ба дар бурд.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Январ 11, 2019 13:56 Asia/Dushanbe
  • Ҳамлаи террористӣ ба хатиби масҷиди Абдурраҳмони Кобул

Хатиби масҷиди Абдурраҳмони шаҳри Кобул, пойтахти Афғонистон аз як ҳамлаи террористӣ ҷон ба дар бурд.

Ба гузориши хабаргузории Шафақно, Мавлавӣ Абдуссаломи Обид ҳангоме, ки ба тарафи масҷиди Абдурраҳмони шаҳри Кобул дар ҳоли ҳаракат буд, бо бомбаи дастӣ ҳадафи ҳамлаи афроди ношинос қарор гирифт ва захмӣ шуд.

То кунун фард ё гурӯҳе масъулияти ин ҳамлаи террористиро бар ӯҳда нагирифтааст.

Ҳамлаи нофарҷоми террористӣ ба ҷони Мавлавӣ Абдуссаломи Обид хатиби масҷиди Абдурраҳмони шаҳри Кобул бо вокуниши тунди давлати Афғонистон, мардум ва корбарони сафҳаҳои иҷтимоӣ мувоҷеҳ шудааст.

Мавлавӣ Абдуссалом амалкарди Амрико дар Афғонистонро мавриди интиқод қарор медиҳад ва бар ваҳдати байни мусулмонони Афғонистон таъкид дорад.