Тадбири Ҳинд барои густариши равобити тиҷорӣ бо Эрон бо вуҷуди таҳримҳо
Вазири бозаргонӣ ва саноати Ҳинд аз тадбире барои густариши равобити тиҷорӣ бо Эрон хабар дод.
Ба гузориши ИРНА, Суриш Прабҳу гуфт: Деҳлии Нав бидуни нақзи ҳеҷ қонуни байналмилалӣ ба равобити тиҷории худ бо Ҷумҳурии Исломии Эрон идома хоҳад дод.
Вазир бозаргонӣ ва саноати Ҳинд зимн таъкид бар идомаи хариди нафт аз Эрон афзуд: Деҳлии Нав дар садад аст аз рупия (воҳиди пули расмии Ҳинд) барои тиҷорат бо Эрон истифода кунад.
Амрико ҳаштуми моҳи майи 2018 бо хориҷ шудан аз Барномаи ҷомеи иқдоми муштарак (БАРҶОМ) бори дигар таҳримҳои худ зидди Эронро ҷорӣ ва таҳдид кардааст, ҳар кишвареро, ки ба хариди нафт аз Эрон идома диҳад, таҳрим хоҳад кард.
Пайравӣ накардани бисёре аз кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла Чин, Русия, Ҳинд ва Туркия аз таҳримҳои Амрико ва мухолифат бо он, Доналд Трамп раиси ҷумҳурии Амрикоро маҷбур ба ақибнишинӣ аз баъзе таҳримҳо кард.
Саранҷом Амрико ба Чин, Ҳинд, Италия, Юнон, Япония, Кореяи Ҷанубӣ, Тайван ва Туркия муофиятҳои муваққатӣ дод, то битавонанд ба хариди нафти Эрон идома диҳанд.