Январ 13, 2019 20:10 Asia/Dushanbe
  • Арабистон севумин кишвари масрафкунандаи маводи мухаддир дар ҷаҳон

Бар асоси омори Вазорати кишвари Арабистон, ин кишвар севумин масрафкунандаи маводи мухаддир дар ҷаҳон аст ва қишрҳои мухталифи мардум аз ин офат дур нестанд.  

Пойгоҳи хабарии Алъаҳди Лубнон дар гузорише эълом кард, парвандаҳое назири қочоқи маводи мухаддир дар Арабистон рӯз ба рӯз дар ҳоли афзоиш аст ва омори боздоштшудагон дар ин хусус таи ду соли гузашта (2016 то 2018) се баробар шудааст.  

Мизони масрафи маводи мухаддир дар ин кишвар дар миёни мардон ба 54 дарсад мерасад ва занон низ 46 дарсад аз масрафкунандагони маводи мухаддирро ба худ ихтисос додаанд, ҳамчунин 77 дарсад аз масрафкунандагони маводи мухаддир донишомӯзон ва донишҷӯён ҳастанд.  

 

Барчасп