Январ 16, 2019 21:04 Asia/Dushanbe
  • Эъломи натоиҷи интихоботи парлумонии Афғонистон

Натоиҷи аввалияи интихоботи парлумонии Афғонистон, ки моҳи октябр баргузор шуда буд - пас аз се моҳ интизор бо эъломи натоиҷи ҳавзаи Кобул такмил шуд.

Интихоботи парлумонии Афғонистон пас аз се сол таъхир 20 ва 21 октябри гузашта дар 33 устони ин кишвар баргузор шуд.

Пештар Комиссияи мустақили интихоботи Афғонистон натоиҷи аввалияи интихоботи парлумонии ин кишварро ба таври тадриҷӣ эълом карда буд ва танҳо натоиҷи аввалияи Кобули пойтахт ба таъвиқ афтода буд, ки душанбе шаб эълом шуд.  

Тибқи натоиҷи аввалияи интихобот, ҳудуди 63 дарсади намояндагони ҷадид ба парлумон роҳ ёфта ва дар маҷмуъ 158 нафар намояндаи ҷадид шомили 126 мард ва 33 зан вориди маҷлиси намояндагон мешаванд.

Бар асоси натоиҷи эъломшуда, шумори андаке аз фарзандони шахсиятҳои сиёсии Афғонистон, орои лозим барои роҳёбӣ ба парлумонро касб кардаанд.

Бархе аз машҳуртарин чеҳраҳои сиёсӣ ва мунтақиди давлати ин кишвар аз роҳёбӣ ба парлумон боз мондаанд.

Тағйироти фарҳангии ношӣ аз афзоиши нуфузи шабакаҳои иҷтимоӣ, истифода аз шеваҳои ҷадиди таблиғот, рӯи кор омадани насл ҷадиде аз фаъолони сиёсӣ ва иҷтимоӣ, тамоюли мардум ба убур аз чеҳраҳои суннатӣ ва бо таҷруба ба афроди камтаҷруба, аммо халлоқ аз авомилест, ки муҷиб шуда то натоиҷи аввалияи интихобот мутафовит аз давраҳои пешин бошад.

Бар асоси рафтори ҷадиди интихоботии раъйдиҳандагон дар интихоботи парлумонии Афғонистона, ин дидгоҳ матраҳ шудааст, ки мардуми ин кишвар бахше аз тадовуми мушкилотро тадовуми ҳузури сиёсатварзони бособиқае медонанд, ки дастикам дар наздик ба ду даҳаи гузашта натавонистаанд мутолибот ва хостаҳои миллӣ дар арсаи истиқрори сулҳ ва субот, бозсозӣ, сиёсати дохилӣ ва хориҷиро муҳаққақ кунанд.

Бар ҳамин асос, рӯйиши афроди ҷадид дар парлумонро роҳе барои хуруҷ аз нокоромадиҳо медонанд.

 

Барчасп