Интиқоди Чин аз санади бознигарии дифои мушакии Амрико
(last modified Sun, 20 Jan 2019 10:50:28 GMT )
Январ 20, 2019 15:50 Asia/Dushanbe
  • Интиқоди Чин аз санади бознигарии дифои мушакии Амрико

Сухангӯи Вазорати умури хориҷии Чин аз санади дифои мушакии Амрико, ки дар он Чин ба унвони як таҳдид дар назар гирифта шуда буд, интиқод кард.

Ҳуа Чунинг (Hua Chunying) эълом кард, ин санад бо зеҳнияти “ҷанги сард” ва мафоҳими мансухи марбут ба он давра мавзӯи сулҳ ва гузари замонро нодида гирифта, бо муаррифии Пекин ба унвони як таҳдид дар мавриди рӯёрӯӣ ва рақобати қудратҳои бузург муболиға кардааст. Вай афзуд, ин иқдоми Амрико на танҳо ба сулҳу амнияти минтақаӣ зарба мезанад, балки боиси рақобати таслиҳотӣ мешавад ва тавозуну суботи роҳбурдии ҷаҳонро дар маърази хатар қарор медиҳад.

Аз авохири давраи раёсатҷумҳурии Барак Обама Кохи Сафед ба таври ҷиддӣ Чинро ба унвони омили таҳдиди султаи Амрико матраҳ ва тамаркузи низомии худро дар шарқи Осиё ва обҳои перомуни Чин қарор дод. Бо таваҷҷуҳ ба ин ки Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико Чинро бузургтарин омил мушкилоти иқтисодӣ ва таҳдиди амнияти Амрико эълом мекунад, фишорҳои Вашингтон бар Пекин дар абъоди мухталиф дар ҳоли афзоиш аст. Раян Ҳос, коршиноси муассисаи “Брукингз” дар Вашингтон дар арзёбӣ аз равобити Амрико ва Чин дар гуфтугӯ бо “Дойч велле”-и Олмон гуфт: «Равобити Иёлоти Муттаҳида ва Чин ба сатҳе аз танишҳо расида, ки ба ҳар ҷанба аз равобити дуҷонибаи онҳо осеб ворид мекунад. Ҳеҷ масъалае вуҷуд надорад, ки таҳтушшӯои танишҳои дуҷониба қарор нагирад».

Баъд аз эъмоли таърифаҳои тиҷории Трамп бар воридот аз Чин ва маҳдудият дар интиқоли технология ба ин кишвар дар санади мавсум ба "Бознигарии дифои мушакӣ" низ Чин ба унвони як таҳдид дар назар гирифта шудааст, ки метавонад беш аз пеш барномаҳои низомии Амрикоро мутаваҷҷеҳи Чин намояд. Бо таваҷҷуҳ ба ин ки Амрико рушди иқтисодӣ ва густариши нуфуз ва ҳузури ин кишвар дар арсаи минтақаӣ ва байналмилалиро таҳдиди билқувва то се даҳаи оянда барои худ мебинад, мекӯшад, аз тариқи водор кардани Чин ба рӯйкарди низомӣ бахше аз буҷаи ин кишвар сарфи таслиҳот шавад. Трамп бар ин иддао аст, Чин бидуни пардохтани ҳазинаҳои амнияти ҷаҳонӣ сирфан бар рушди иқтисодӣ ва тавсеаи нуфуз дар манотиқи мухталиф мутамаркиз шудааст, ки мӯҷиб мешавад, ҳавзаҳои нуфузи Амрикоро низ таҳти таъсир қарор диҳад. Ин дар ҳолест, ки сиёсати усулии Чин парҳез аз таниш ва ҳамкорию гуфтугӯ барои ҳалли мушкилот, аз ҷумла бо Амрико аст. Янг Чан Ҷун, коршиноси мушакии Чин дар арзёбӣ аз сиёсати дифоии ин кишвар ба “Глобал таймз” гуфт: "Барномаҳои низомии Амрико таҳдиди амниятии Чин аст, ба ҳамин далел Пекин барои дифоъ аз манофеи худаш бояд ба тавсеаи мудовими мушакҳои миёнбурд идома диҳад, то мавриди таҳдид қарор нагирад".

Ба ҳар ҳол, аз дидгоҳи Пекин, тамаркузи низомии Амрико бар Чин нишон медиҳад, ки Вашингтон ба дунболи баҳонае барои эҷоди муҷаддади “ҷанги сард” аст, то аз ин тариқ зимни доман задан ба низомигароӣ мавқеияти мутазалзили ҷаҳонии худро беҳбуд бахшад, зеро дар фазои “ҷанги сард” Амрико қодир аст, бо эътилофсозӣ ва ёргириҳои минтақаӣ Чинро маҳдуд кунад, аммо дар фазои сулҳу оромиш ин Чин аст, ки бо ироаи тарҳҳои мубтакиронаи иқтисодӣ, аз ҷумла тарҳи “Як ҷода -як камаранд” муваффақ ба таҳдиди султаи Амрико шуда ва ин кишварро ба шиддат нигарон кардааст.