Январ 21, 2019 15:05 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши талафоти инфиҷори хатти лӯлаи нафт дар Мексика

Вазорати беҳдошти Мексика аз расидани шумори қурбониёни инфиҷори хатти лӯлаи нафт дар ин кишвар, ба 85 кушта ва 66 захмӣ хабар дод.

Ба гузориши Райтерз, вазорати беҳдошти Мексика рӯзи якшанбе дар баёнияе ҳамчунин эълом кард, ҳоли бархе аз захмиҳои ин ҳодиса низ ногувор гузориш шудааст.

Пештар шумори талафоти ин ҳодиса 66 нафар эълом шуда буд.

Ин инфиҷори дар иёлати Hidalgo дар маркази Мексика асри ҷумъа ба вақти маҳаллӣ, замоне рӯй дод, ки афроде барои дуздидани сӯхт аз хатти лула, бахше аз онро шикастанд.

Сокинони маҳаллӣ бо сател барои ҷамъоварии сӯхт аз маҳалли шикастагии хатти лӯла ба ин минтақа ҳуҷум оварда буданд, ки инфиҷор рӯй дод.

Андрес Мануэль Лопес Обрадор (Andrés Manuel López Obrador), раисиҷумҳури ҷадид ва чапгарои Мексика аз аввали декабри 2018, ки барсари кор омад, ваъдаи бархӯрд бо сирқати сӯхтро дода буд.

Декабри 2010 низ сирқати сӯхт аз як хатти лӯла дар маркази Мексика ба кушта шудан 28 нафар аз ҷумла 13 кӯдак мунҷар шуд.