Тавофуқи Меркел ва Макрон барои ташкили артиши аврупоӣ
(last modified Thu, 24 Jan 2019 06:33:27 GMT )
Январ 24, 2019 11:33 Asia/Dushanbe
  • Тавофуқи Меркел ва Макрон барои ташкили артиши аврупоӣ

Сарони кишварҳои калидии Аврупо, яъне Фаронса ва Олмон ба ин ҷамъбандӣ расидаанд, ки идомаи иттико ба Вашингтон барои ҳифзи амнияти Аврупо бо таваҷҷуҳ ба рӯйкарди зӯрмадорона ва якҷонибагароёнаи Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико имконпазир нест ва аврупоиҳо бояд худ ба фикри амнияташон бошанд.

Трамп мудом дар бораи афзоиши буҷаи низомии кишварҳои аврупоии узви НАТО ба онҳо фишор ворид карда ва дар айни ҳол хоҳони афзоиши саҳми онҳо аз ҳазинаҳои НАТО аст. Дар айни ҳол таҳдидоти мудоми Трамп дар бораи хуруҷи Амрико аз НАТО, ки бо ҳадафи эҷоди ҳарос дар аврупоиҳо ва во доштани онҳо барои пазириши шурут ва хостаҳои Вашингтон анҷом мешавад, сарони давлатҳои бузурги Аврупо, яъне Олмон ва Фаронсаро ба ин ҷамъбандӣ расонда, ки бояд ҳар чӣ зудтар сохторҳои дифоӣ ва низомии мустақили аврупоӣ, ба хусус артиши аврупоиро ташкил диҳанд.

Дар ин росто Эммануэл Макрон, раисҷумҳури Фаронса ахиран идеяи ташкили артиши аврупоӣ ва эҷоди сохтори амниятии мустақилро тарҳ кард, ки бо вокуниши тунди Трамп мувоҷеҳ шуд. Бо ин ҳол, ин идея бо ҳимояти ошкори Ангела Меркел, садри аъзами Олмон мувоҷеҳ шудааст. Дар ин росто дар дидори рӯзи сешанбеи 22 январ дар шаҳри Охени Олмон, ки дар он Паймони дӯстӣ ва ҳамкорӣ миёни ин кишвар ва Фаронса ба имзои Меркел ва Макрон расид, бар ташкили артиши аврупоӣ таъкид шуд.

Ба гуфтаи садри аъзами Олмон, ташкили артиши аврупоӣ танҳо дар сурати ҳамоҳангии ду кишвар мумкин аст. Дар матни Паймони дӯстии Олмон ва Фаронса омадааст, ду кишвар ҳамкориҳои худро дар заминаи умури хориҷӣ, дифоӣ, амният ва тавсеаи дохилӣ ва хориҷӣ ва ҳамзамон ҳамкорӣ дар ростои тақвияти тавоноии Аврупо барои иқдоми мустақил таъмиқ мебахшанд.

Дар ин паймон бар ҳамкории амниятии наздиктари Берлин ва Порис таъкид шудааст ва ду кишвар мутааҳҳид шудаанд то дар сурати вуқӯи ҳамалоти низомӣ дар канори ҳам ба дифоъ бипардозанд ва бо ташкили Шӯрои амниятӣ ва дифоии муштарак, қонунҳои худро барои содироти таҷҳизоти низомӣ ҳамоҳанг кунанд. Дар ин росто Ангела Меркел, садри аъзами Олмон тайи суханронӣ дар парлумони Аврупо дар миёнаҳои ноябри соли 2018 аз эҷоди артиши аврупоӣ ҳимоят кард ва онро мукаммили хубе барои НАТО донист. Меркел таъкид кард, сарнавишти Аврупо бояд дар дастони худаш бошад.

Бо ин ҳол идеяи ташкили артиши аврупоӣ бо мухолифати шадиди Трамп, раисҷумҳури ҷанҷолии Амрико мувоҷеҳ шудааст.

Трамп дар сафари ахири худ ба Порис, суханони Макронро дар хусуси эҷоди артиши Аврупои мустақил тавҳиномез хонд ва гуфт: Аврупо беҳтар аст ба ҷойи он саҳми худ аз буҷаи НАТО - ро, ки бахши умдае аз он бар ӯҳдаи Амрико аст, бипардозад.

Ин мавзеи Трамп нишонаи нигаронии рӯзафзуни Вашингтон аз талоши Аврупо барои раҳоӣ аз вобастагӣ ба Амрико дар арсаи дифоӣ ва амниятӣ аст. Ихтилофи назари ду сӯи Уқёнуси Атлантика бар сари амнияти Аврупо акнун абъоди васеътаре пайдо карда ва Трамп бо ёдоварии таҷрибаи таърихии гузашта, муддаӣ аст, ки Аврупо акнун низ бидуни кумакҳои амниятӣ ва низомии Амрико қодир ба ҳифзи истиқлоли худ нест.

Бо ин ҳол, давлатҳои бузурги Аврупо, яъне Олмон ва Фаронса ба ин ҷамъбандӣ расидаанд, ки Аврупо бояд дар ҳавзаи дифоӣ ба истиқлоли роҳбурдӣ даст ёбад. Дар айни ҳол, иқдомоти Аврупо барои касби истиқлоли дифоӣ ва низомӣ, ки аз ҷумлаи аҳдофи он эҷоди тавоноии аврупоӣ барои бархурд бо буҳронҳои амниятии дохили Аврупо аст, муҷиби норизоии ҳар чӣ бештари Амрико шудааст. Зеро таҳаққуқи он ба маънои коҳиши зарфияти Вашингтон барои мудохила ва нақшофаринӣ дар буҳронҳои амниятии Аврупо хоҳад буд.