Январ 24, 2019 18:11 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди муҷаддади Покистон бар ба расмият нашинохтани режими саҳюнистӣ

Сухангӯи вазорати умури хориҷаи Покистон эълом кард, мавзеи Исломобод дар қиболи режими саҳюнистӣ, тағйир накарда ва овозаҳои бархе расонаҳо эътибор надорад.

Ба гузориши Тасним, Муҳаммад Файсал бо ишора ба инки Исломобод дар хусуси режими саҳюнистӣ, мавзеи худро тағйир надода ва онро ҳеҷ гоҳ ба расмият нахоҳад шинохт, гуфт: Покистон ҳамвора аз ҳуқуқи мардуми мазлуми Фаластин дар баробари ҷиноёти ин режим дифо хоҳад кард.

Сухангӯи вазорати умури хориҷаи Покистон ҳамчунин афзуд: Исломобод дар талош аст, то бо кишварҳои минтақа ба вижа Ҳинд равобити хубе дошта бошад дар ҳоле, ки давлатмардони ин кишвар ба даъватҳои мукаррари Исломобод барои музокира посухи радди медиҳанд.

Муҳаммад Файсал зимни интиқод аз давлати Ҳинд ба далели ҳамла ба мусулмонони кашмирӣ, изҳор кард, Исломобод давлати Ҳиндро масъули ҳар гуна хисорати молӣ ва ҷонӣ ба мардуми ин минтақа медонад.

 

Барчасп