Помпео: То шикасти комили ДИИШ дар Сурия мемонем
https://parstoday.ir/tg/news/world-i41204-Помпео_То_шикасти_комили_ДИИШ_дар_Сурия_мемонем
Вазири умури хориҷаи Амрико гуфт, ки нерӯҳои амрикоӣ то ба гуфтаи вай шикасти комили ДИИШ, дар Сурия ҳузур хоҳанд дошт.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Январ 24, 2019 20:07 Asia/Dushanbe
  • Помпео: То шикасти комили ДИИШ дар Сурия мемонем

Вазири умури хориҷаи Амрико гуфт, ки нерӯҳои амрикоӣ то ба гуфтаи вай шикасти комили ДИИШ, дар Сурия ҳузур хоҳанд дошт.

Майк Помпео дар гуфтугӯ бо шабакаи “Fox News” дар бораи тасмими Доналд Трамп, раисиҷумҳури Амрико барои хориҷ кардани нерӯҳои амрикоӣ аз Сурия муддаӣ шуд, Вашингтон қасд дорад ду ҳазор низомии худро аз Сурия хориҷ кунад ва бақия барои ҳифозат аз мардум дар ин кишвар боқӣ хоҳанд монд.

Ин суханон дар ҳоле гуфта мешавад, ки ҳузури нерӯҳои амрикоӣ дар Сурия, ғайриқонунӣ буда ва бидуни муҷаввизи давлати ин кишвар аст.

Маҷлиси намояндагони Амрико низ рӯзи сешанбе дар иқдоми мудохилаҷӯёна ва ба баҳонаҳои беасоси ҳуқуқи башарӣ, таҳримҳои ҷадидеро алайҳи давлати Сурия тасвиб кард.

Бо идомаи раванди тасбити авзо дар Сурия ва нокомии талошҳо барои сарнагунии давлати Башор Асад, фишорҳои ҷараёни ғарбӣ- саҳюнистӣ алайҳ Димишқ, афзоиш ёфтааст.