Фақат ду дақиқа аз умри замин мондааст
Гурӯҳе аз донишмандон эълом карданд: Фақат ду дақиқа то поёни умри замин боқӣ мондааст.
Ба гузориши Ассошиэйтедпресс, гурӯҳе аз донишмандон дар Амрико дар нишасте бар пояи «назарияи охируззамон», ки чигунагии поён ёфтани умри кураи заминро тахмин мезанад, эълом карданд: Агар умри заминро дар қолаби 24 соат нишон диҳем, акнун фақат ду дақиқа аз умри он боқӣ мондааст.
Ҳадаф аз ин эъломи ҳушдоромез, «огоҳибахшӣ ва ҳушдор дар бораи мизони наздикии инсон ба фоҷиаи ҷаҳонӣ» дар хусуси масоили зистмуҳитӣ ва чолишҳои сиёсӣ аст.
Рашел Бронсон (Rachel Bronson), раис ва мудири иҷроии гурӯҳи «Бюллетени донишмандон атомӣ» гуфт: Вазъи кунунӣ «хатарноктарин вазъ аз замони ҷанги сард» аст.
Бронсон таъкид кард: Ин вазъи ғайриоддии ҷадид, ба забони содда, бисёр бесуботтар ва хатарноктар аз он аст, ки битавон онро ба унвони «вазъи идомадори умури ҷаҳон» пазируфт.
Дар рӯзҳои гузаштаи баъзе коршиносон аз «эҳтимоли хатари бархурди сайёракҳо ба кураи замин» ба унвони «яке аз хатарҳои эҳтимолӣ барои поён додан ба умри кураи хокӣ» ёд карда буданд.