Шаш миллиард доллар ҳазинаи таътили давлат дар Амрико
(last modified Sat, 26 Jan 2019 08:33:28 GMT )
Январ 26, 2019 13:33 Asia/Dushanbe
  • Шаш миллиард доллар ҳазинаи таътили давлат дар Амрико

Таътили 35 рӯзаи бахшҳое аз давлати Амрико дастикам 6 миллиард доллар харҷ доштааст.

Ба гузориши хабаргузории “Рейтер”, муассисаи молии “С & P Глобал Рейтингс” дар гузорише хароҷоти таътили бахшҳое аз давлати Амрикоро, ки саранҷом рӯзи ҷумъа, дар сивупанҷумин рӯзи худ мутаваққиф шуд, дастикам шаш миллиард доллар эълом кард.

Бар асоси ин гузориш, ҳазинаи шаш миллиард долларии кашмакаши Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико ва ККонгресс бар сари буҷаи сохти девор дар марзи Мексика дар шароите аст, ки рақами буҷаи мавриди ихтилоф панҷ миллиарду 700 миллион доллар будааст.

Ихтилофи Трамп ва Конгресс барои тасвиби ин буҷа боис шуд бахшҳое аз давлати Амрико аз 22 декабри соли 2018 таътил шавад.

Сенати Амрико ҷумъашаб ба лоиҳаи буҷаи муваққат барои поён ёфтани таътилии бахшҳое аз давлати Амрико раъйи мусбат дод.

Сарони Конгресс ҳам мувофиқат карданд, буҷаи муваққат барои бозкушоии давлат тасвиб ва музокирот барои буҷаи девори марзӣ идома ёбад.

Бо ин ҳол Трамп таҳдид кард, дар сурате ки тавофуқе ҳосил нашавад, пас аз итмоми ин буҷаи сеҳафтаӣ боз давлатро таътил ва ҳатто вазъи фавқуллода эълом мекунад.