Изъони раҳбари мухолифони Венесуэла ба таҳти фишор будан аз сӯи Амрико
Муовини раисҷумҳури Венесуэла, аз изъони раҳбари мухолифони давлат ба таҳти фишор будан аз сӯи Амрико барои пешбурди сиёсатҳои Вашингтон дар Каракас хабар дод.
Ҷорҷ Родригуес, муовини раисҷумҳури Венесуэла дар умури иртиботот, фарҳанг ва гардишгарӣ эълом кард, Хван Гвайдо, раҳбари мухолифон изъон карда, ки аз сӯи Амрико таҳти фишор қарор дорад.
Ба гуфтаи Родригуес, Хван Гвайдо бо Дисдадо Кабло, раиси маҷлиси мунҳалшудаи муассисон ва Фреддӣ Бернал, яке аз аъзои ҳизби сотсиалист дидор карда ва мавзуи таҳти фишор будан аз сӯи Амрикоро дар ин ҷаласа матраҳ кардааст.
Хван Гвайдо, раҳбари мухолифони давлати Венесуэла ва мавриди ҳимояти давлати Амрико чаҳоршанбеи гузашта худро раисҷумҳури Венесуэла хонд ва хостори канорагирии Николас Мадуро, раисҷумҳури феълӣ шуд.