Ҳамлаи нажодпарастона ба як мадрасаи исломӣ дар Британия
Январ 27, 2019 21:35 Asia/Dushanbe
Як мадрасаи исломӣ дар шаҳри Нюкасели Британия ҳадафи ҳамлаи гурӯҳе аз афроди нажодпараст қарор гирифт.
Як гурӯҳи нажодпараст бо ҳамла ба як мадрасаи исломӣ дар шаҳри Нюкасели Британия, шиорҳои нажодпарастона ва исломситезона бар рӯи деворҳои ин мадраса навишт.
Полиси Британия изъон кард, ки ин навъи харобкорӣ ва иқдоми нажодпарастона аз рӯи нафрат анҷом шудааст.
Полис мегӯяд, ки бо омилони ин иқдом бархурд хоҳад кард.
Ник Форбс, раиси Шӯрои шаҳри Нюкасел ҳам боздошт ва муҷозоти омилони ин ҳамларо хостор шуд.
Барчасп