Январ 28, 2019 12:16 Asia/Dushanbe
  • Такрори иддаоҳои Трамп алайҳи муҳоҷирати ғайриқонунӣ

Раисиҷумҳури Амрико дар такрор иддаоҳои худ, аз афзоиши ҳазинаҳои муҳоҷирати ғайриқонунӣ ба ин кишвар хабар дод.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва симои Эрон, Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар сафҳаи “Твиттер”-и худ навишт: Ҳазинаҳои муҳоҷирати ғайриқонунӣ ба Амрико аз ибтидои имсол (2019) токунун ба ҳудуди 19 миллиард доллар расидааст.

Раисиҷумҳури Амрико афзуд, дастикам наздик ба 26 миллион фарди бегона ва муҳоҷири ғайриқонунӣ дар Амрико ҳастанд.

Мавзеъгирии Трамп, дар шароите аст, ки ихтилофи раисиҷумҳури Амрико бо Конгресс бар сари таъмини буҷаи сохти девори марзӣ бо Мексика ба таътилии бахшҳое аз давлати федерал мунҷар шуд.

Кохи Сафед ва Конгресси Амрико, ба сурат машрут бо бозгушоии давлат тавофуқ карданд.

 

Барчасп