Январ 31, 2019 20:08 Asia/Dushanbe
  • Интиқоди Кореяи Шимолӣ аз рӯйкарди дугонаи Амрико

Пхенян, лағви таҳримҳои Вашингтон ва Созмони Милал зидди ин кишварро пеш аз дувумин дидори сарони Амрико ва Кореяи Шимолӣ дар авохири моҳи феврали 2019-ро хостор шуд.

Ба гузориши ИРНА, рӯзномаи “Rodong Sinmun”, органи ҳизби ҳокими Кореяи Шимолӣ рӯзи панҷшанбе дар матлабе навишт, беҳбуди равобит ва идомаи таҳримҳои Ғарб зидди Пхенян наметавонад дар канори ҳам қарор гирад, ба ҳамин далел лағви таҳримҳо пеш аз дидори сарони Амрико ва Кореяи Шимолӣ зарурӣ аст.

“Rodong Sinmun” бори дигар бар мавзеи қотеи Кореяи Шимолӣ дар беҳбуди муносиботи Кореяи Шимолӣ ва Амрико ва эҷоди низоми сулҳи пойдор дар шибҳи ҷазираи Корея таъкид кард ва навишт, касоне, ки бар идомаи таҳрим ва эъмоли фишор бар Кореяи Шимолӣ қабл аз таҳаққуқ ҷудо будани шибҳи ҷазираи Корея аз силоҳҳои ҳастаӣ таъкид мекунанд, намехоҳанд шоҳиди беҳбуди ёфтани муносиботи Кореяи Шимолӣ ва Амрико ва суботи шибҳи ҷазираи Корея бошанд.

Майкл Помпео, вазири хориҷаи Амрико эълом кард, даври дувуми музокироти Доналд Трамп, раисиҷумҳури Амрика ва Ким Ҷонг Ун, раҳбари Кореяи Шимолӣ дар авохири моҳи феврал дар як кишвари осиёӣ баргузор хоҳад шуд.

Ин дар ҳоле аст, ки Кореяи Шимолӣ мӯътақид аст, Амрико дар музокироти халъи силоҳи ҳастаии шибҳи ҷазираи Корея содиқ нест ва дар барномаҳо ва роҳбурдҳояш ибҳомоти зиёде вуҷуд дорад.

 

 

Барчасп