Январ 31, 2019 21:11 Asia/Dushanbe
  • Бадбинии мардуми Туркия ба Амрико

Натоиҷи як назарсанҷӣ дар Туркия нишон медиҳад, беш аз 60 дарсад аз мардуми ин кишвар, Амрикоро муҳиммтарин таҳдид алайҳи кишварашон медонанд.

Бар асоси натоиҷи назарсанҷии Донишгоҳи Кодир Хос(Kadir Has University)-и шаҳри Истамбули Туркия, дар ҳоле, ки дар соли 2016, 39.2 дарсад мардуми Туркия нисбат ба Амрико бадбин буданд, ин мизон дар соли 2017  ба 64.3 дарсад афзоиш ёфтааст.

Дар ин назарсанҷӣ, ки аз 1000 шаҳрванди Туркия дар 28 шаҳри бузурги сурат гирифта, режими саҳюнистӣ бо 61.4 дарсад ва Англия бо 50.2 дарсад дувумин ва сеюмин таҳдиди хориҷӣ алайҳи ин кишвар талаққӣ шудаанд.

Бар асоси ин назарсанҷӣ ҳамчунин рағбати мардуми Туркия барои пайвастан ба Иттиҳоди Аврупо низ аз 65.1 дарсад ба 45.7 коҳиш ёфтааст.

 

 

Барчасп