Путин мақомоти Украинаро ба суиистифода аз мазҳаб муттаҳам кард
https://parstoday.ir/tg/news/world-i41385-Путин_мақомоти_Украинаро_ба_суиистифода_аз_мазҳаб_муттаҳам_кард
Раисҷумҳури Русия бо интиқод аз эҷоди калисои ҷадиди ортодокс дар Украина эълом кард, ки мақомоти Киев аз мазҳаб суиистифода мекунанд.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Феврал 02, 2019 06:16 Asia/Dushanbe
  • Путин мақомоти Украинаро ба суиистифода аз мазҳаб муттаҳам кард

Раисҷумҳури Русия бо интиқод аз эҷоди калисои ҷадиди ортодокс дар Украина эълом кард, ки мақомоти Киев аз мазҳаб суиистифода мекунанд.

Ба гузориши ИРНА, Владимир Путин, раисҷумҳури Русия бо ишора ба вазъияти душвори пайравони калисои ортодокс дар Украина гуфт, судҷӯӣ ва суиистифода аз масоили мазҳабӣ сабаби шиддат ёфтани хусумат дар Украина шудааст.

Путин афзуд, давлати Русия ба истиқлоли калисо эҳтиром мегузорад, бавижа дар Украина, ки барои мардуми он эҳтироми зиёде қоил аст.

Калисои ортодокси мустақил аз Русия дар Украина, авохири соли 2018-и мелодӣ таъсис шуд.

Петро Порошенко, раисҷумҳури Украина низ аз иқдоми калисои ортодокси ин кишвар барои истиқлол аз калисои ортодокси Русия истиқбол кард.