Омодагии Толибон барои музокираи сулҳ бо аҳзоби сиёсии Афғонистон
Узви аршади тими музокиракунандаи Толибон бо Амрико аз омодагии ин гурӯҳ барои музокираи сулҳ бо аҳзоби сиёсӣ ва мазҳабии Афғонистон хабар дод.
Ба гузориши хабаргузории Тасним, Шермуҳаммад Аббос Станакзай гуфт: Толибон ҳозир аст бо ҷараёнҳои сиёсӣ, уламо ва бузургони қавмӣ ҳар замоне, ки бихоҳанд музокира кунад.
Вай афзуд, гуфтугӯи мустақим бо давлати Афғонистон то замоне, ки низомиён хориҷӣ ба фармондеҳии Амрико аз Афғонистон хориҷ нашаванд, ғайримумкин аст, зеро ин давлати мунтахаби мардуми ин кишвар нест, бинобар ин, дидор бо онҳо ҳеҷ фоидае надорад.
Узви аршади тими музокиракунандаи Толибон бо Америка ҳамчунин дар хусуси чаҳор даври музокираи Залмай Халилзод намояндаи вижаи Трамп дар умури Афғонистон гуфт, дар ин давр аз музокирот дар Қатар дар бораи хуруҷи комили низомиёни хориҷӣ, озодии зиндониёни Толибон ва ба расмият шинохтани дафтари сиёсии Толибон дар Доҳа гуфтугӯ шуд, аммо дар бораи масоили дохилии ин кишвар музокира накардем.
Толибон эълом кардааст, то замоне ки Амрико аз Афғонистон хориҷ нашавад, музокира бо давлати Ашраф Ғанӣ имконпазир нест.
Музокироти намояндагони Толибон ва Амрико дар Қатар то кунун ҳеҷ натиҷае надоштааст.