Тамҷиди коршиноси арманӣ аз инқилоби шукӯҳманди исломии Эрон
Коршиноси сиёсии арманистонӣ ва устоди Донишгоҳи Ереван гуфт: Дар чиҳил соли гузашта ҷумҳурии исломии Эрон аз як кишвари масрафзада табдил ба абарқудрати минтақаӣ шуд.
Вартан Вусканян таъкид кард: Эрон қабл аз инқилоб як кишвари воридкунанда ва масрафзадаи муттакӣ бар нафт буд, аммо ин кишвар дар натиҷаи сиёсати иқтисодии дуруст бо вуҷуди эъмоли таҳримҳои ноодилона аз сӯи Амрико муваффақ шуда як иқтисоди худкифо эҷод кунад.
Вай бо ишора ба дастовардҳои азими инқилоби исломии Эрон дар чиҳил соли гузашта афзуд: Эрон дар заминаи улуми ҳастаӣ, фанноварии иттилоот, тавлиди мушак, мошинсозӣ ва ғайра дастовардҳои бисёр зиёде доштааст.
Вартан Вусканян дар поёни суханои худ тасреҳ кард: Дар чиҳил соли гузашта Эрон дар минтақаи Ховари Миёна табдил ба як абарқудрат шудааст ва нақши муҳиме дар ҷиҳати ҳифзи таодули ин минтақа ифо мекунад.