Феврал 04, 2019 11:45 Asia/Dushanbe
  • Мадуро муҳлати Аврупо барои баргузории интихоботро рад кард

Раисҷумҳури Венесуэла, муҳлати Иттиҳодияи Аврупо барои баргузории интихоботи зудҳангоми раёсатҷумҳурии ин кишварро, ки имрӯз ба поён мерасад, рад кард.

Николас Мадуро гуфт, таслими фишори касоне, ки хоҳони хуруҷи вай аз қудрат ҳастанд, намешавад.  

Ҳафтаи гузашта кишварҳои аврупоӣ аз ҷумла Олмон, Испания, Англия, Белгия, Португалия, Фаронса ва Нидерланд дар ҳамроҳӣ бо Амрико ва мудохилаҷуёна ва бетаваҷҷуҳ ба интихоботи баргузоршуда дар Венесуэла, аз Николас Мадуро, раисҷумҳури қонунӣ ва мунтахаби ин кишвар хостанд, то зарфи муддати ҳашт рӯз муқаддамоти баргузории интихоботи зудҳангоми раёсатҷумҳуриро фароҳам кунад.  

Ин кишварҳо таҳдид карданд, дар сурате, ки Мадуро дар ин фурсат, интихобот баргузор накунад, Хуан Гувайдо, раҳбари мухолифони Венесуэларо ба унвони раисҷумҳури муваққати ин кишвар ба расмият мешиносанд.  

Хуан Гувайдо, раҳбари мухолифони давлати Венесуэла 23 январи 2019 бо ҳимояти ошкори Амрико ва муттаҳидонаш, худро раисҷумҳури Венесуэла хонд.

 

Барчасп