Феврал 04, 2019 12:33 Asia/Dushanbe
  • Баргузории Нишасти Иттиҳоди иқтисодии Евразия дар Ереван

Нахуствазири Қирғизистон аз нишасти отии Иттиҳоди иқтисодии Евразия дар Еревани пойтахти Арманистон хабар дод.

Муҳамматкалий Абилгазиев якшанбе дар Нишасти Шӯрои байналмилалии Иттиҳоди иқтисодии Евразия дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон эълом кард, пешниҳоди баргузории нишасти отии ин иттиҳод дар Ереван аз тарафи Арманистон дода шудааст.

Вай пешниҳод дод, пас аз Ереван, нишасти моҳи августи Иттиҳоди иқтисодии Евразия дар шаҳри Чолпонатаи Қирғизистон, баргузор шавад.

Ин давр аз Нишасти Иттиҳоди иқтисодии Евразия якуми феврали 2019 дар Алмаатои Қазоқистон баргузор шуд.

Иттиҳоди иқтисодии Евразия як иттиҳоди иқтисодӣ аст, ки аъзои он бештар кишварҳои шимоли минтақаи Евразия дар шарқи Аврупо ҳастанд.

 

 

Барчасп