Ихтилофи афғонҳо дар мавриди Нишасти сулҳи Маскав
https://parstoday.ir/tg/news/world-i41454-Ихтилофи_афғонҳо_дар_мавриди_Нишасти_сулҳи_Маскав
Нишасти сулҳи Маскав, ки қарор аст, ба зудӣ дар ғиёби намояндагони давлати Афғонистон баргузор шавад, бо ихтилофи назарҳо ва вокунишҳое дар ин кишвар рӯ ба рӯ шудааст.  
(last modified 2025-10-08T08:30:18+00:00 )
Феврал 04, 2019 15:04 Asia/Dushanbe
  • Ихтилофи афғонҳо дар мавриди Нишасти сулҳи Маскав

Нишасти сулҳи Маскав, ки қарор аст, ба зудӣ дар ғиёби намояндагони давлати Афғонистон баргузор шавад, бо ихтилофи назарҳо ва вокунишҳое дар ин кишвар рӯ ба рӯ шудааст.  

Нишасти сулҳи Маскав, ки қарор аст, ба зудӣ дар ғиёби намояндагони давлати Афғонистон баргузор шавад, бо ихтилофи назарҳо ва вокунишҳое дар ин кишвар рӯ ба рӯ шудааст.  

Қарор аст, Нишасти Маскав дар рӯзҳои сешанбе ва чаҳоршанбеи ҳафтаи ҷорӣ бо ҳузури шуморе аз сиёсатмадорони Афғонистон ва сарони аршади Толибон баргузор шавад.

Дар се моҳи гузашта, барои дувумин бор аст, ки Маскав нишастеро дар бораи сулҳи Афғонистон мизбонӣ мекунад. Дар ин нишаст, Толибон хуруҷи низомиёни хориҷӣ аз Афғонистонро хостор шудааст.  

Ҳаниф Атмар, мушовири пешини амнияти милли Афғонистон, ки дар ин нишаст ширкат мекунад, гуфт: Нишасти Маскав қадами муҳиме дар ростои оғози музокироти сулҳи байниафғонӣ аст.

Ин дар ҳолест, ки пеш аз ин Вазорати хориҷаи Афғонистон дар вокуниш ба баргузории Нишасти Маскав, эълом карда буд, ки ин нишаст барои сулҳ кумак нахоҳад кард.

Ҳомид Карзай, раисҷумҳури пешин, Муҳаммадюнус Қонунӣ, Муҳаммад Ҳаниф Атмар, Ато Муҳаммади Нур ва Муҳаммад Исмоил Хон аз аъзои раҳбарии ҷамъияти исломӣ, Муҳаммади Муҳаққиқ, раҳбари ҳизби ваҳдати исломӣ, Саидҳомиди Гелонӣ, раҳбари ҳизби маҳози миллӣ, як узви ҳизби исломии Гулбеддин Ҳикматёр, Абдуссалом Заиф, узви пешини Толибон ва Забеҳуллоҳи Муҷаддадӣ, писари Сабғатуллоҳи Муҷаддадӣ, аз чеҳраҳои шохисе ҳастанд, ки қарор аст, дар ин нишасти дурӯза ширкат кунанд.