Эъломи омодагии Толибон барои ширкат дар нишасти сулҳи Маскав
(last modified Mon, 04 Feb 2019 12:41:47 GMT )
Феврал 04, 2019 17:41 Asia/Dushanbe
  • Эъломи омодагии Толибон барои ширкат дар нишасти сулҳи Маскав

Толибон омодагии худро барои ширкат дар нишасти сулҳи Маскав эълом кард.

Ба гузориши Порс Тудей, Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯи Толибон Афғонистон рӯзи душанбе эълом кард, ҳайати даҳ нафарае аз ин гурӯҳ дар нишасти сулҳи Русия ширкат мекунад.

Шермуҳаммад Аббос Станакзай, раёсати ҳайати Толибонро дар ин музокирот бар ӯҳда хоҳад дошт.

Нишасти сулҳи Маскав қарор аст, дар рӯзҳои сешанбе ва чаҳоршанбеи ин ҳафта бо ҳузури шуморе аз аҳзоб ва шахсиятҳои сиёсӣ ва мазҳабии Афғонистон ва дар набуди намояндагони давлати Ашраф Ғанӣ баргузор шавад.

Дар се моҳи гузашта, ин дувумин бор аст, ки Маскав нишастеро дар бораи сулҳи Афғонистон мизбонӣ мекунад.

Пеш аз ин вазорати хориҷаи Афғонистон дар вокуниш ба баргузории нишасти Маскав эълом карда буд, ки ин нишаст ҳеҷ кумаке ба поёни ҷанг ва барқарории сулҳ ва таъмини амнияти Афғонистон нахоҳад кард.

Ҳомид Карзай, раисиҷумҳури пешин, Муҳаммадюнус Қонунӣ, Муҳаммадҳаниф Атмар, Ато Муҳаммади Нур ва Муҳаммад Исмоилхон аз аъзои раҳбарии Ҷамъияти исломӣ, Муҳаммад Муҳаққиқ, раҳбари Ҳизби ваҳдати исломӣ, Сайидҳомид Гилонӣ, раҳбари Ҳизби маъози миллӣ, як узви Ҳизби исломии Гулбиддин Ҳикматёр, Абдусалом Заиф, узви пешини гурӯҳи Толибон ва Забеҳуллоҳ Муҷаддадӣ, писари Сибғатуллоҳ Муҷаддадӣ аз чеҳраҳои шохисе ҳастанд, ки қарор аст дар ин нишасти ду рӯзаи Маскав ширкат кунанд.