Феврал 05, 2019 15:55 Asia/Dushanbe
  • Нишасти Маскав оғозе бар музокироти фарогири байнулафғонӣ

Раисҷумҳури собиқи Афғонистон нишасти раҳбарони бархе аҳзоби ин кишвар бо Толибон дар Маскавро гоме дар ростои оғози музокироти фарогири байнулафғонӣ арзёбӣ кард.

Ҳомид Карзай, ки ба ин нишаст даъват шуда, муътақид аст, нишасти сулҳи Маскав метавонад заминаи поёни ҷанг ва истиқрори сулҳро дар Афғонистон фароҳам кунад. Илова бар ӯ, шуморе аз бонуфузтарин чеҳраҳои сиёсии Афғонистон, азҷумла Муҳаммади Муҳаққиқ, Карим Халилӣ, Ато Муҳаммади Нур, Ҳаниф Атмар ва Гулбуддини Ҳикматёр барои ҳузур дар ин нишаст, ки аз имрӯз - сешанбе ва ба муддати ду рӯз баргузор мешавад, ба Маскав сафар кардаанд.

Бо таваҷҷуҳ ба ин ки гурӯҳи Толибон гуфтугӯ бо давлати Афғонистонро намепазирад, нишасти Маскав барои аввалин бор фурсати дидору гуфтугӯ миёни намояндагони ин гурӯҳ ва чеҳраҳои шохис ва таъсиргузор бар таҳаввулоти Афғонистонро фароҳам кардааст. Агарчӣ давлати Афғонистон бо нишасти Маскав мухолифат карда ва бар мудирияти музокироти сулҳ аз тариқи давлати Кобул таъкид дорад, аммо ширкаткунандагон дар нишасти мазкур аз гуруҳҳои мухталифи қавмӣ, сиёсӣ ва ҳатто ҷиҳодӣ ҳастанд ва умедворанд гуфтугӯҳои рӯ дар рӯ байни тарафайни даргир дар буҳрони Афғонистон ба эҷоди шароити лозим барои гуфтугӯҳои давлати Кобул бо Толибон мунҷар шавад. Зеро дар ниҳоят ин давлати Афғонистон аст, ки бояд тавофуқномаи сулҳ бо Толибонро имзо кунад.

Эҳсони Тоҳирӣ, сухангӯи Шӯрои олии сулҳи Афғонистон дар ин бора, ки сайти хабарии Порстудей онро мунташир кард, мегӯяд: Шӯрои олии сулҳи Афғонистон ҳамвора аз Толибон хостааст, ба нидои сулҳхоҳии мардуми ин кишвар эҳтиром бигузорад ва омодагии худро барои музокироти мустақим бо давлати Афғонистон эълом кунад.

Агарчӣ Амрико сиёсати гуфтугӯи мустақим бо Толибонро дунбол мекунад ва ахиран шаш даври музокиротм инҳо дар Доҳам Қатар низ баргузор шуд, аммо Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Русия ҳамвора талош кардаанд то Толибонро барои гуфтугӯҳои байнулафғонӣ, бахусус бо давлати Кобул мутақоид кунанд. Даъвати Теҳрон аз бархе мақомоти аршади Толибон барои сафар ба Эрон дар рӯйкарди ин гурӯҳ барои нишастан пушти мизи гуфтугӯ бо дигар ҷараёнҳо ва шахсиятҳои сиёсии Афғонистон таъсири муҳим ва таъйинкунанда доштааст. Ин ба он маъно аст, нишасти Маскав бароянди ҳамаи талошҳои минтақаӣ барои кумак ба пешбурди раванди сулҳ дар Афғонистон аст.

Ваҳиди Мужда, коршиноси масоили Афғонистон дар гуфтугӯ бо радиои дарии бурунмарзии садо ва симо дар ин бора гуфт: Кишварҳои ҳамсояи Афғонистон, азҷумла Ҷумҳурии Исломии Эрон бидуни тардид нақши созандае дар ҳалли мушкилоти Афғонистон ифо мекунанд. Бинобарин бояд аз онҳо дар раванди музокироти сулҳ бештар кумак гирифт.

Дар ҳар ҳол, Толибон низ ба ин натиҷа расидааст, ки на танҳо мардуми Афғонистон аз ҷанг хаста шудаанд, балки ин гурӯҳ дигар наметавонад аз тариқи зӯр ва идомаи хушунатҳои хунин қудратро дар Кобул тасоҳуб кунад.

Ба гуфтаи бархе аз таҳлилгарони наздик ба Толибон дар Афғонистон, ин гурӯҳ низ ба интихобот ва таъсири он барои касби қудрат пай бурдааст ва бидуни тардид интихоботи ояндаи раёсатҷумҳурии Афғонистон, ки дар тобистони соли 1398 (2019) баргузор хоҳад шуд, фурсати бисёр муносиберо барои рақобати гурӯҳҳо ва аҳзоби мухталиф барои ҳамкорӣ ва ҳамгироӣ дар арсаи сиёсии Афғонистон фароҳам кардааст ва Толибон низ бо пайвастан ба раванди сулҳ метавонад аз ин фурсат барои мушорикати сиёсӣ ва ҳузур дар сохтори қудрат истифода кунад.

 

Барчасп