Феврал 06, 2019 10:10 Asia/Dushanbe
  • Толибон: Қонуни асосии Афғонистон монеи сулҳ аст

Гурӯҳи Толибон дар нишасти Маскав, ки бо ҳузури беш аз 70 тан аз раҳбарони сиёсии Афғонистон баргузор шуд, қонуни асосии ин кишварро бузургтарин монеи сулҳ баршумурд.

Ба гузориши ИРНА, Шермуҳаммад Аббос Истонакзай, раиси ҳайати эъзомии Толибон дар нишасти сулҳи Афғонистон дар Маскав, қонуни асосии кунунии кишварашро яке аз чолишҳои фарорӯи сулҳ донист ва муддаӣ шуд, қонуни асосии Афғонистон сохтаи Ғарб аст.

Истонакзай ҳамчунин бо баёни ин ки Толибон дар пайи инҳисори қудрат нест, таъкид кард, барои пайгирии гуфтугӯҳои сулҳ бояд аъзои Толибон аз феҳристи сиёҳи Амрико хориҷ шаванд ва Созмони Милали Муттаҳид ва кишварҳои исломӣ бояд иҷрои тавофуқномаи эҳтимолии сулҳро тазмин кунанд.

Нахустин рӯз аз нишасти сулҳи Афғонистон бо ҳузури гурӯҳҳои мухталифи афғон ва ҳайати Толибон, мавсум ба гуфтугӯҳои байнулафғонӣ рӯзи сешанбе дар меҳмонхонаи Президенти Маскав баргузор шуд.

Гуфтугӯҳои сулҳи Афғонистон имрӯз (чаҳоршанбе) низ дар Маскав идома хоҳад ёфт.

Манобеи хабарии Афғонистон ҳамчунин аз даргирии лафзии шадид байни бархе афроди ширкаткунанда дар нишасти сулҳи Афғонистон дар Маскав хабар доданд.

Дар пайи бурузи даргирии лафзии шадид байни бархе афрод ва ҷараёнҳои ширкаткунанда дар замони вуруд ба маҳалли нишасти сулҳи Афғонистон дар Маскав, аз вуруди хабарнигорон ба маҳалли нишаст ҷилавгирӣ шуд.

 

Барчасп