Феврал 13, 2019 12:28 Asia/Dushanbe
  • 17 кушта дар оташсӯзии меҳмонхона дар Деҳлии Нав

Бар асари оташсӯзӣ дар меҳмонхонае дар Деҳлии Нав - пойтахти Ҳинд 17 тан кушта шуданд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, ба нақл аз Рейтер, ин оташсӯзӣ, ки шаби гузашта дар меҳмонхонаи “Арпит” ва дар Деҳлии Нав рӯй дод, соати ҳафт ба вақти маҳаллӣ маҳор шуд.

Бештари қурбониёни ин оташсӯзӣ бар асари хафагии эҷодшуда аз танаффуси дуд ҷон бохтанд.

Созмони оташнишонии Деҳлии Нав 26 мошини оташнишонро барои маҳори оташ ба маҳал фиристод.

Оташнишонон муваффақ шуданд 46 нафарро солим аз ин меҳмонхона хориҷ кунанд.

Таҳқиқот дар бораи иллати оташсӯзӣ идома дорад.

Раиси оташнишонии Деҳлии Нав гуфт, роҳрави ҳотел ва зинаҳои он чӯбӣ буданд ва оташ гирифтанд, ки ин мавзуъ бо эҷоди дуди зиёд дар маҳал сабаб шуд, ки роҳи фирор баста шавад.

 

Барчасп