Феврал 14, 2019 19:13 Asia/Dushanbe
  • Путин: Ба натиҷаи мусбати нишасти сарони Сочи итминон дорам

Владимир Путин ибрози итминон кард, ки нишасти имрӯз раисони ҷумҳурии Русия, Эрон ва Туркия дар Сочи, ангезаи ҷадиде барои ҳалу фасли авзоъ дар Сурия бавуҷуд хоҳад овард.

Ба гузориши хабаргузории ТАСС, Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия дар дидор бо Раҷаб Тайиб Эрдуғон, ҳамтоии турки худ ибрози итминон кард, ки нишасти сарони сеҷонибаи имрӯз дар Сочи, ангезаи ҷадиде барои ҳаллу фасли авзоъ дар Сурия бавуҷуд хоҳад овард.

Путин гуфт: Имрӯз дар Сочи чаҳорумин нишасти сарони сеҷонибаи кишварҳои зомини сулҳ дар чорчӯби музокироти Остона баргузор мешавад ва ман итминон дорам, ки мо метавонем ангезаи ҷадиде ба оддисозии авзоъ дар Сурия, чӣ дар арсаи заминӣ ва чӣ дар чорчӯби талошҳо дар ҷиҳати ҳалу фасли сиёсӣ-дипломатӣ ва аз саргирии гуфтугӯҳо байни суриҳо бавуҷуд оварем.

Вай таъкид кард: Агар мо фаъолона талош кунем, хоҳем тавонист дар бораи ҳалу фасли мушкилоти кунунӣ дар Сурия ба тавофуқ расида ва ба ҳадафи худ барои эҷоди сулҳу субот дар ин кишвар даст ёбем.

Путин бо ёдоварии ин ки Русия ва Туркия корҳои зиёде дар ин росто анҷом додаанд, афзуд, мо роҳи зиёдеро паймудаем ва ҳама медонанд, ки ин кори осоне набуд. Ва ҳанӯз ин масир идома дорад. Вазоифи зиёде ҳанӯз ҳалу фасл нашуда ва мо бояд фаъолона ба талоши худ идома диҳем, то ба натиҷа бирасем ва бидуни тардид муваффақият дар интизори мо хоҳад буд.

Вай ҳамчунин гуфт, хушҳол аст, ки мавқеияти баррасии авзои минтақа ва равобити дуҷониба бо Эрдуғонро бадаст овардааст.

 

Барчасп