Феврал 17, 2019 19:54 Asia/Dushanbe
  • Поёни эътисоби ғизои рӯҳонии зиндонӣ дар Баку

Раҳбари ҷунбиши равшанфикрони ҷумҳурии Озарбойҷон аз поёни эътисоби ғизои раҳбари ҷунбиши иттиҳоди мусулмонони ин кишвар дар зиндони Қубустони Баку хабар дод.

Алдниз Қулев аз дидор бо Толеъ Боқиров дар зиндони Қубустон хабар дод ва гуфт, вай пас аз мутталеъ шудан аз нигаронии мардум дар бораи саломатиаш ва дархостҳои мукаррар барои поён бахшидан ба эътисоби ғизо, ба он поён дод.

Раҳбари ҷунбиши равшанфикрони ҷумҳурии Озарбойҷон ва узви кумитаи дифоъ аз ҳуқуқи диндорони зиндонӣ дар ин кишвар афзуд: Бо Ҷаббор Ҷабборзода, яке дигар аз диндорони зиндонӣ дар ин зиндон низ дидор карда дар ҳоле ки осори шиканҷа ва лату куб бар рӯи сар ва сурати вай ҳамчунон боқӣ монда буд.

Ин дар ҳоле аст, ки мақомоти зиндон бо радди ҳаргуна эъмоли шиканҷа муддаӣ буданд, ки ин зиндонӣ худзанӣ кардааст.  

Толеъ Боқиров аз 1 феврали 2019 дар эътироз ба афзоиши шиканҷаҳои рӯҳӣ ва ҷисмии ворида бар худ ва соири диндорони маҳбус дар зиндони Қубустон даст ба эътисоби ғизо зад.

 

Барчасп