Феврал 18, 2019 11:23 Asia/Dushanbe
  • Интиқоди давлати Афғонистон аз Покистон

Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Афғонистон сафари ҳайате аз Толибон ба Покистонро нақзи ошкори ҳокимияти миллии Афғонистон донист.

Ба гузориши имрӯзи радиои паштуи бурунмарзӣ, Сабғат Аҳмадӣ гуфт, дидори намояндагони Толибон бо мақомоти Покистон, азҷумла Умрон Хон, нахуствазир дар Исломобод ба манзалаи ба расмият шинохтани Толибони Афғонистон аст.

Вай афзуд, давлати Покистон дар хусуси даъвати расмӣ аз Толибон барои сафари имрӯз ба Исломобод бо давлати Ашрафғанӣ ҳамоҳангӣ ва машварат накардааст.

Давлати Афғонистон ҳам ба далели сафари аъзои таҳримшудаи Толибон ба Покистон, расман ба Созмони Милал шикоят ва эълом кард, 9 тан аз аъзои ҳайати музокиракунандаи ин гурӯҳ, ки қарор аст озими Покистон шаванд, дар феҳристи сиёҳи СММ қарор доранд.

Пештар давлати Афғонистон аз ширкати Толибон дар нишасти дурӯзаи Маскав низ ба СММ шикоят карда буд.

Хабари дигар ин ки гурӯҳи Толибон якшанбешаб эълом кард, дидори ҳайате аз ин гурӯҳ бо Зулмай Халилзод, намояндаи вижаи Амрико дар умури Афғонистонро, ки қарор буд рӯзи душанбе ба мизбонии Покистон баргузор шавад, лағв кард.

Гурӯҳи Толибон иллати лағви ин дидорро қарор доштани шуморе аз аъзои ҳайати музокиракунандаи ин гурӯҳ дар феҳристи сиёҳи СММ эълом кардааст.

 

 

 

 

Барчасп