Феврал 19, 2019 13:42 Asia/Dushanbe
  • Эътирози Шӯрои Аврупо ба авзои нобасомони муҳоҷирон дар Юнон

Кумитаи зидди шиканҷаи Шӯрои Аврупо ба шароити нигаҳдории муҳоҷирони ғайриқонунӣ дар Юнон эътироз кард.

Ба гузориши хабаргузории Фаронса, Кумитаи зидди шиканҷаи Шӯрои Аврупо рӯзи душанбе дар гузорише бори дигар бо ишора ба изҳороти муътабар дар мавриди бадрафтории пулис бо мутақозиёни паноҳандагӣ ба шароити ҳабси муҳоҷирон дар Юнон, ки бисёр поинтар аз стандартҳост, эътироз кард. Ин ниҳод дар гузориши худ лузуми рафтори инсонӣ ва ҳифзи шаъни хориҷиҳое, ки тавассути мақомоти юнонӣ аз озодӣ маҳрум шудаанд, ёдовар шуд.

Коршиносони Кумитаи зидди шиканҷаи Шӯрои Аврупо дар гузориши худ эълом карданд, шароити ҳабс дар бисёре аз комиссариатҳои пулис ва истгоҳҳои марзӣ, бавижа дар шимолу шарқи Юнон, дар марзи Туркия бисёр поинтар аз вилоятҳост ва хориҷиҳо шабро дар ду утоқи ба шиддат касиф мегузаронанд. Ин кумита ҳамчунин аз Афина хост, ба таври комил дар сиёсати худ дар мавриди марокизи нигаҳдории муҳоҷирон бознигарӣ кунад.

Кумитаи зидди шиканҷаи Шӯрои Аврупо дар соли 2007 низ шароити нигаҳдории муҳоҷирон дар Юнонро ғайриқобили қабул тавсиф карда буд.

 

Барчасп