Нерӯҳои амрикоӣ дар Афғонистон як мадрасаи диниро ба оташ кашиданд
Нерӯҳои амрикоӣ дар амалиёти шабона як мадрасаи динӣ дар вилояти Каписоро ба оташ кашиданд ва чандин манзили маскуниро низ бо истифода аз маводи инфиҷорӣ тахриб карданд.
Бар асоси гузориши манобеи хабарӣ, дар оташсӯзии ин мадраса дар Каписо даҳҳо ҷилд Қуръон ва китоби мазҳабӣ сӯхт.
Низомиёни амрикоӣ ҳамчунин дар амалиёти ҷудогона ба як русто дар шаҳристони Хугиёнии вилояти Нангарҳор ҳамла карданд, ки бар асари он се ғайринизомӣ кушта ва панҷ нафари дигар захмӣ шуданд.
Амалиётҳои шабонаи низомиёни амрикоӣ ба вилоёти Афғонистон дар моҳҳои ахир афзоиш ёфтааст.
Маҷолиси намояндагон ва машваратии Афғонистон борҳо таваққуфи амалиёти шабонаи амрикоиҳоро хостор шудаанд.
Хабари дигар ин ки дар инфиҷори як бомбаи дастисоз дар вилояти Лағмон шаш ғайринизомии афғон кушта шуданд.
Асадуллоҳ Давлатзай, сухангӯи волии Лағмони Афғонистон эълом кард, дар инфиҷори бомбаи дастисозе, ки рӯзи сешанбе ҳангоми убури мошини ҳомили ғайринизомиён дар вилояти Лағмон рух дод, илова бар кушта шудани шаш ғайринизомӣ, шуморе дигар аз шаҳрвандони афғон захмӣ шуданд.
Ҳанӯз фард ё гурӯҳе масъулияти ин ҳодисаро бар ӯҳда нагирифтааст.