Феврал 22, 2019 20:27 Asia/Dushanbe
  • Толибон: Амрико ДИИШ-ро дар Афғонистон бузургнамоӣ мекунад

Сухангӯи Толибон дар вокуниш ба изҳороти фармондеҳи ситоди марказии артиши Амрико дар баёнияе эълом кард: Амрико бо бузургнамоии ДИИШ дар Афғонистон дар пайи идомаи ҷанг дар ин кишвар аст.

Ба гузориши Тасним, Толибон изҳороти ахири генерал Ҷозеф Вотел фармондеҳи ситоди марказии артиши Амрико бинбар ин ки ДИИШ дар Афғонистон таҳдиде амниятӣ барои Амрико аст, бузургнамоии ДИИШ-ро иқдоме таблиғотӣ донист, ки ҳадафи он «тадовуми ишғол» ва идомаи ҷанг дар Афғонистон аст.

Ахиран генерал Вотел дар гуфтугӯ бо расонаҳо гуфта буд, ки гурӯҳи террористии ДИИШ таҳдиде бузург барои амнияти Амрико аст ва барои ҳамлаи мустақим ба хоки Амрико талош мекунад.

Забеҳуллоҳи Муҷоҳид сухангӯи Толибон бо интишори баёнияе тасреҳ кард, ки ҳузури ДИИШ дар Афғонистон бо вуҷуди ҳимояти ҳавоии неруҳои хориҷӣ ба як минтақаи маҳдуд дар Афғонистон хулоса мешавад, ки дар муҳосираи Толибон қарор дорад

Вай бо такзиби шадиди изҳороти генерал Вотел низ тасреҳ кард, ки ҳеҷ кишваре аз хоки Афғонистон таҳдид нахоҳад шуд.

Фармондеҳи ситоди марказии артиши Амрико дар ҳоле ДИИШ-ро таҳдиде бузург барои амнияти миллии Амрико дониста, ки ҷангандаҳои амрикоӣ борҳо дар ҳимоят аз ДИИШ дар даргирии байни ДИИШ ва Толибон, мавозеи Толибонро ҳадаф қарор додааст.

Чанде пеш низ неруҳои вижаи амрикоӣ дар амалиёти наҷоти фармондеҳони ДИИШ ба зиндони Толибон дар вилояти Бодғис ҳамла карданд ва ин террористҳоро озод карданд.

 

Барчасп