Иқдоми Трамп дар муаррифии сафири Амрико дар Созмони Милал
Раисҷумҳури Амрико сафири кунунии ин кишвар дар Канадаро ба унвони сафири Амрико дар Созмони Милали Муттаҳид муаррифӣ кард.
Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар сафҳаи Твиттери худ навишт, ки Келли Найт Крафт, сафири кунунии ин кишвар дар Канадаро ба унвони сафири Амрико дар СММ муаррифӣ мекунад.
Никки Ҳейли, сафири пешини Амрико дар СММ, ки ба доштани мавзеъгирии зиддиэронӣ ва ҳимоят аз режими саҳюнистӣ шуҳрат дорад, дар як иқдоми ғайримунтазира октябри 2018 аз симати худ истеъфо дод.
Пас аз истеъфои Никки Ҳейли, Доналд Трамп Ҳезер Наурт, сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Амрикоро ба унвони сафири ин кишвар дар Созмони Милал муаррифӣ кард, ки Наурт ин пешниҳодро рад кард.
Бо ташдиди ихтилофот дар Кохи Сафед дар давраи Трамп, бисёре аз мақомоти давлатӣ аз симати худ истеъфо доданд ё барканор шуданд.