Феврал 23, 2019 15:23 Asia/Dushanbe
  • Даври панҷуми дидори намояндагони Толибон ва Амрико дар Қатар

Намояндагони дафтари сиёсии Толибон дар Қатар барои панҷумин бор бо намояндагони ин гурӯҳ ва Амрико дар хусуси поёни ҷанг дар Афғонистон, бо якдигар дидор мекунанд.

Қарор аст, ин нишаст рӯзи 25 феврал (душанбеи ҳафтаи ҷорӣ) ба сарпарастии Мулло Абдулғанӣ Бародар дар Доҳа, пойтахти Қатар баргузор шавад ва дар он дар бораи чигунагии хориҷ шудани низомиёни хориҷӣ ба фармондеҳии Амрико аз Афғонистон табодули назар шавад.

То кунун чаҳор даври музокираи сулҳ миёни намояндагони Толибон ва Амрико ба сарпарастии Зулмай Халилзод, дипломати афғонтабору амрикоӣ дар Қатар натиҷае надошта ва бо эътирози давлати Ашрафғанӣ мувоҷеҳ шудааст.

Қарор буд душанбеи ҳафтаи пеш намояндагони Толибон бо Амрико дар Покистон дидор кунанд, аммо ба далели ин ки номи шуморе аз аъзои ҳайати гуфтугӯкунандаи Толибон дар феҳристи сиёҳи Созмони Милал қарор дошт ва иҷозаи сафар надоштанд , ин нишаст баргузор нашуд.

Толибон поёни ҷанг ва барқарории сулҳ ва таъмини амният дар Афғонистонро вобаста ба хуруҷи низомиёни амрикоӣ аз он кишвар ва озодии тамоми аъзои ин гурӯҳ аз зиндонҳои Афғонистон медонад.

 

 

Барчасп