Феврал 25, 2019 15:23 Asia/Dushanbe
  • Ифшои зовияҳои дигаре аз пайванди Амрико бо ДИИШ дар Ироқ

Нурӣ Моликӣ, нахуствазири собиқи Ироқ иттилооти тозаеро дар бораи баҳрагирии Амрико аз гурӯҳи террористии ДИИШ ва нақши ҳимоятии Вашингтон аз ДИИШ дар ишғоли Ироқ фош кард.

Иртиботи ДИИШ бо Амрико - мавзӯи тозае нест ва ҳатто бархе аз шахсиятҳои амрикоӣ ошкоро ба эҷоди ДИИШ тавассути Амрико ишора кардаанд, ки Доналд Трамп, раисҷумҳурии кунунии Амрико аз муҳимтарини ин шахсиятҳо аст. Доналд Трамп дар ҷараёни таблиғоти интихоботи раёсати ҷумҳурии 2016 эълом карда буд: “ДИИШ сохтаи давлати Абама аст”.

Аммо бидуни шак, иртиботи Амрико бо гурӯҳҳои террористӣ, азҷумла ДИИШ завоёи пинҳони зиёде дорад, ки ин мавзуъ бахусус дар бораи таҳоҷуми ДИИШ ба Ироқ сидқ мекунад.

Нахустин ва муҳимтарин буъд ин аст, ки ДИИШ бо ҳимояти Амрико ба Ироқ ҳамла ва бахшҳое аз сарзамини ин кишварро ишғол кардааст. Ин ҳимоят илзоман, мустақим набуд, балки сиёсатҳои Амрико ба гунае буд, ки дар зоти худ ҳимоят аз ДИИШ - ро доштааст.

Амрико ва Ироқ дар соли 2008 тавофуқномаи роҳбурдӣ имзо карданд, ки мутобиқи ин тавофуқнома, Амрико бояд аз Ироқ дар муқобили таҳдидҳо ҳимоят кунад. Бо ин ҳол, Нурӣ Моликӣ бо баёни ин ки Ироқ аз таҷаммӯи террористҳо барои ишғоли Ироқ иттилоъ дошт, аммо таҷҳизоти кофӣ, бахусус ҳавопаймо дар ихтиёр надошт то мавозеи онҳоро бомбаборон кунад, гуфт, ки Амрико аз августи 2013 то 2014, ки ДИИШ ба Ироқ ҳамла кард, аз дар ихтиёр гузоштани ҳавопаймо барои задани мавозеи террористҳо худдорӣ ва ба Ироқ тавсия кард, аз Урдун дархости ҳавопаймо кунад, дар ҳоле, ки Ироқ тавофуқи амниятӣ бо Урдун надоштааст.

Ин ифшогарии Нурӣ Моликӣ нишон медиҳад, ки ҳимояти Амрико аз террористҳо, азҷумла ДИИШ заруратан ҳимоят дар қолаби додани силоҳ ва таҷҳизот ё ҳимояти молӣ ва сиёсӣ нест, балки ҳимоят накардан аз кишваре, ки таҳти ҳамлаи ДИИШ ва террористҳои дигар қарор гирифтааст, бахусус ҳимоят накардан аз Ироқ, ки тавофуқномаи роҳбурдии амниятӣ бо Вашингтон дошта, низ ба манзалаи ҳимоят аз ишғоли Ироқ тавассути террористҳои ДИИШ аст. Дар ҳамин росто, Нурӣ Моликӣ гуфт, Амрико дар давраи давлати Абама иҷоза дод то ДИИШ ба Ироқ ҳамла кунад.

Се нукта дар хусуси ин рӯйкарди Амрико дар ҳимоят аз ишғоли Ироқ тавассути ДИИШ вуҷуд дорад. Нахуст ин ки Амрико ва муттаҳидонаш дар таъмини манофеи худ ҳеҷ ибое барои ҳимоят аз гурӯҳҳои террористӣ низ надоранд ва аз ин гурӯҳҳо дар мавқеъҳои зарурӣ баҳрагирӣ мекунанд.

Дувум ин ки улгуи рафтории Амрико дар бораи ишғоли Ироқ тавассути ДИИШ нишон медиҳад, ки кишварҳои минтақаи Ховари Миёна, ҳатто муттаҳидони Амрико низ бояд ба самти амнияти бумӣ ва бумисозии саноеи низомии худ ҳаракат кунанд. Зеро Амрико ва муттаҳидонаш замоне, ки манофеашон иқтизо кунад, аз дар ихтиёр гузоштани таҷҳизоти низомӣ ба кишварҳои минтақа худдорӣ мекунанд.

Нуктаи севум ва муҳимтар, аммо ин аст, ки улгуи рафтори Амрико дар бораи ишғоли Ироқ тавассути ДИИШ нишон медиҳад, ки чаро Вашингтон ва муттаҳидонаш бо тақвияти тавонмандии низомӣ, азҷумла тавонмандии мушакии Ҷумҳурии Исломии Эрон мухолиф ҳастанд. Тақвияти тавонмандии низомӣ ва дифоӣ ба манзалаи қатъи вобастагӣ ба Амрико ва муттаҳидонаш аст ва қатъи вобастагӣ, яъне коҳиши истифодаи абзории ин кишварҳо аз гурӯҳҳои террористӣ ё ҳар чиз дигаре, ки метавонад моҳияти абзорӣ дар сиёсати хориҷии онҳо дошта бошад.

 

Барчасп