Феврал 25, 2019 21:54 Asia/Dushanbe
  • Панҷумин Нишасти Амрико бо Толибон дар Қатар

Панҷумин даври музокироти ба истилоҳ сулҳ миёни намояндагони Амрико бо гурӯҳи Толибон имрӯз дар Қатар баргузор шуд.

Залмӣ Халилзод, намояндаи вижаи Амрико дар умури Афғонистон барои нахустин бор бо Мулло Абдуғанӣ Бародар, марди шумораи дуи Толибон дар Доҳа, пойтахти Қатар дидор ва дар бораи ончи, ки сулҳ дар Афғонистон номид, гуфтугӯ кард.  

Нахустин бор аст, ки Мулло Абдуғанӣ Бародар, муовини сиёсии Толибон ба Қатар рафта ва бо Залмӣ Халилзод дидор ва гуфтугӯ кардааст.  

Ӯ дар чаҳор даври музокироти қаблии Амрико бо Толибон ҳузур надошт.  

Муовини сиёсии Толибон низ гуфт: Дидор ва гуфтугӯи имрӯз бо ин дипломати афғонтабор ва амрикоӣ ташрифотӣ буд ва қарор аст, музокироти аслӣ фардо сешанбе оғоз шавад.  

Панҷумин даври музокироти Амрико бо Толибон дар ҳоле оғоз ба кор кардааст, ки Умар Довудзай, раиси дабирхонаи Шӯрои олии сулҳи Афғонистон имрӯз дар Нишасти хабарӣ дар Кобул гуфт: Давлат аз Халилзод интизор дорад, заминаи музокироти расмиро байни давлати Афғонистон ва Толибон фароҳам кунад.

Хуруҷи низомиёни амрикоӣ аз Афғонистон, хориҷ шудани Толибон аз листи сиёҳи Созмони милал ва раҳоии зиндониёни Толибон аз зиндонҳои Афғонистон аз муҳимтарин мавзуоти мавриди баҳс дар Нишасти Қатар аст.

 

Барчасп