Феврал 27, 2019 12:50 Asia/Dushanbe
  •  Бетаъсирии тавофуқи Амрико ва Толибон бар ҷанги Афғонистон

Раиси собиқи мутолеоти стратегии Вазорати хориҷаи Афғонистон гуфт, тавофуқи эҳтимолии Амрико ва Толибон дар Қатар ба ҷанг дар Афғонистон поён намедиҳад.

Ба гузориши хабаргузории Тасним, Фаромарзи Таманно бо ишора ба музокироти Амрико бо Толибон дар Қатар таъкид кард, даргириҳои Афғонистон бисёр печида аст ва тавофуқи эҳтимолии ду тараф наметавонад мунҷар ба поёни ҷанг дар ин кишвар шавад.

Раиси собиқм Маркази мутолеоти стратегии Вазорати хориҷаи Афғонистон изҳор дошт, дар ҷанги Афғонистон илова бар Толибон ва Амрико тарафҳои дохилӣ ва хориҷии бисёре дахил ҳастанд.

Таманно афзуд, то замоне ки иҷмое байни давлат, раисони ҷиҳодӣ ва бархе ҳамсоягони Афғонистон ба вуҷуд наояд, ҷанг дар ин кишвар поён нахоҳад ёфт.

Панҷумин давр аз музокироти Амрико ва Толибон дар бораи сулҳ дар Қатар дар ҳоли баргузорӣ аст.

 

Барчасп