Март 02, 2019 18:44 Asia/Dushanbe
  • 1 миллион доллар ҷоиза барои дастгирии писари бин Лодан

Амрико барои дастгирии писари Усома бин Лодан, раиси собиқ ва кушта шудаи Ал-қоида ҷоиза таъйин кард.

Ба гузориши пойгоҳи интернетии шабакаи Хабари Эрон, вазорати хориҷаи Амрико эълом кард, дар қиболи дарёфти иттилооти муфид барои дастгирии Ҳамза бин Лодан, писари Усома бин Лодан, то як миллиондоллар ҷоиза медиҳад.

Ин баёния муддаӣ шуда, Ҳамза ба унвони як раҳбар ба намояндагӣ аз Алқоида дар ҳоли зуҳур аст ва ба номи "интиқоми падараш" Амрикоро таҳдид кардааст.

Вазорати хориҷаи Амрико мегӯяд, Ҳамза бин Лодан дар солҳои ахир бо интишори паёмҳое дар фазои маҷозӣ аз ҳаводоронаш хостааст, то алайҳи Амрико ва муттаҳидонаш иқдом кунанд.

Амрико ду сол пеш Ҳамза бин Лоданро ба унвони «террористи шинохта шудаи ҷаҳонӣ», муаррифӣ ва ҳамаи амвол ва дороиҳои ӯро масдуд кард.

Усома бин Лодан, раиси собиқи Алқоида соли 2011 ба дасти туфангдорони Амрико дар Покистон кушта шуд.

Дар бораи маҳалли иқомати Ҳамза бин Лодан иттилооти дақиқе вуҷуд надорад. Баъзеҳо мегӯянд вай ҷое дар марзи Покистон ва Афғонистон махфӣ шудааст.

Гурӯҳе дигар мӯътақиданд, ки вай ҳаводоронаш дар Сурия ё Яманро аз наздик созмондиҳӣ ва ҳидоят мекунад. Шуморе аз коршиносони аврупоии масоили Сурия мегӯянд, ки вай раҳбари гурӯҳи Ансор ул- Фурқони Сурияро бар ӯҳда дорад, созмони навзҳуре, ки дар моҳҳои ахир тавониста аст шумори қобили таваҷҷуҳе аз ҷангҷӯёни исломгарои бурида аз ҷабҳаи ан-Нусра ва ДИИШ-ро ба худ ҷалб кунад.