Ду кушта дар тозатарин даргирии марзи Покистон ва Ҳинд
Танҳо як рӯз пас аз таҳвили халабони ҳиндӣ аз сӯи Покистон ва умедвории Исломобод барои коҳиши танишҳо бо Деҳлии Нав, марзҳои ду кишвар бори дигар шоҳиди даргирии нерӯҳои низомии Ҳинд ва Покистон буд.
Ба гузориши ИРНА, расонаҳои покистонӣ имрӯз ба нақл аз артиши ин кишвар гузориш доданд, марзбонони ҳиндӣ бахшҳоеро дар наздикии хатти контроли марзӣ дар Кашмир, ҳадафи тирандозӣ ва оташборӣ қарор доданд.
Артиши Покистон эълом кард, дар пайи табодули оташ бо марзбонони ҳиндӣ, ду ғайринизомии Покистон кушта ва ду нафари дигар захмӣ шуданд.
Чаҳоршанбеи гузашта ва бо гузашти як рӯз аз ҳамлаи ҳавоии Ҳинд ба хоки Покистон, танишҳои ду кишвар натанҳо дар сатҳи сиёсӣ ва дипломатӣ ташдид шуд, балкӣ авзоъ дар марзҳои заминии ин ду кишвари ҳамсоя низ шадидан муташанниҷ шуд.
Дар он рӯзи оташбории марзбонони ҳиндӣ ва ҳамалоти тӯпхонаии онон, ба хоки Покистон ва ҳадаф қарор додани манотиқи маскунӣ мунҷар ба ҷонбохтани 4 ғайринизомӣ ва захмӣ шудани 11 нафар шуд.
Истиқлоли Покистон ва ҷудоӣ аз Ҳинд дар соли 1947 милодӣ, вуқӯи чандин ҷанг миёни ду кишвар, рақобат дар озмоишҳои атомӣ ва партоби мушакҳои баллистик бо қобилияти ҳамли кулоҳаки ҳастаӣ, боздошти сайёдон дар обҳои озод, мавзӯи бардошт аз ҳавзаҳои обии муштарак, мушкилоти раводиди тиҷорӣ, иқдомоти террористӣ дар ду кишвар ва даргириҳо миёни марзбонони Ҳинд ва Покистонро, метавон аз далоили умдаи сардии равобити сиёсӣ ва иқтисодӣ миёни ин ду кишвари ҳамсоя дар минтақаи ҷануби Осиё унвон кард.