Март 03, 2019 11:02 Asia/Dushanbe
  • Тавҳини тарафдорони Трамп ба намояндаи мусалмони Конгресси Амрико

Тарафдорони Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико рӯзи ҷумъа овезаеро рӯйи девори Маҷлиси намояндагони иёлати Вирҷинияи ғарбӣ насб карданд, ки дар он Илҳон Умар, намояндаи мусалмони конгресси ин кишвар ба унвони як террорист муаррифӣ шуд.

Ба гузориши ИРНА, дар ин постер Илҳон Умар, узви мусалмон ва демократи Конгресси Амрико ба террористҳои ҳамалоти ёздаҳуми сентябри 2001 ташбеҳ шудааст.

Ин иқдоми исломҳаросонаи тарафдорони Трамп боиси бурузи таниш дар маросими бузургдошти Ҳизби ҷумҳурихоҳ дар Маҷлиси намояндагони иёлати Вирҷинияи ғарбӣ шуд.

Пас аз он ки бархе ба насби ин постер дар ин маҳал эътироз карданд, миёни онҳо ва тарафдорони исломситези Трамп ва Ҳизби ҷумҳурихоҳ даргирӣ рӯй дод, ки ба захмӣ шудани як нафар мунҷар шуд.

Дар пайи ин моҷаро ва даргирии пас аз он, фармондеҳи нигаҳбонони Маҷлиси намояндагони иёлати Вирҷинияи ғарбӣ пас аз он ки муттаҳам ба изҳороти зиддиисломӣ дар ҳангоми даргириҳо шуд, истеъфо кард.

Майк Пушкин, узви демократи Маҷлиси намояндагони иёлати Вирҷинияи ғарбӣ бо маҳкум кардани ин иқдоми тарафдорони Трамп гуфт, ин ҳаракат исломҳаросона буд.

Илҳон Умар бо баёни ин ки дар рӯзҳои ахир паёмҳои таҳдидомези бисёре дарёфт карда, аз ин ки аъзои Ҳизби ҷумҳурихоҳ чунин иқдомҳоеро маҳкум намекунанд, интиқод кард.

Илҳон Умар - нахустин зани муҳаҷҷаба дар Конгресси Амрико пештар низ ба далели интиқод аз режими саҳюнистӣ ба шиддат мавриди интиқоди лоббии пурнуфузи саҳюнистҳо дар Амрико қарор гирифта буд.

 

Барчасп