Азсаргирии музокироти намояндагони Толибон ва Амрико дар Доҳа
Март 03, 2019 11:41 Asia/Dushanbe
Панҷумин даври музокироти намояндагони Толибони Афғонистон ва Амрико пас аз ду рӯз таваққуф дар Қатар аз сар гирифта шуд.
Ба гузориши Хабаргузории садо ва симои Эрон, ин музокирот бар таъйини ҷадвали замонбандишуда барои хуруҷи низомиёни хориҷӣ ба фармондеҳии Амрико аз Афғонистон, лағви таҳрими 9 тан аз аъзои Толибон аз листи сиёҳи Созмони милал ва озодии зиндониёни ин гурӯҳ аз зиндонҳои Афғонистон мутамаркиз аст.
Чаҳор даври музокираи ба истилоҳи сулҳи миёни намояндагони Толибон ва Амрико ба сарпарастии Залмай Халилзод дипломати амрикоии афғонтабор дар Қатар то кунун натиҷае надошта ва бо эътирози давлати Ашраф Ғанӣ мувоҷеҳ шудааст.
Давлати Афғонистон дар музокироти Доҳа намояндае надорад.