Азсаргирии музокироти намояндагони Толибон ва Амрико дар Доҳа
https://parstoday.ir/tg/news/world-i42146-Азсаргирии_музокироти_намояндагони_Толибон_ва_Амрико_дар_Доҳа
Панҷумин даври музокироти намояндагони Толибони Афғонистон ва Амрико пас аз ду рӯз таваққуф дар Қатар аз сар гирифта шуд.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Март 03, 2019 08:11 Asia/Dushanbe
  • Азсаргирии музокироти намояндагони Толибон ва Амрико дар Доҳа

Панҷумин даври музокироти намояндагони Толибони Афғонистон ва Амрико пас аз ду рӯз таваққуф дар Қатар аз сар гирифта шуд.

Ба гузориши Хабаргузории садо ва симои Эрон, ин музокирот бар таъйини ҷадвали замонбандишуда барои хуруҷи низомиёни хориҷӣ ба фармондеҳии Амрико аз Афғонистон, лағви таҳрими 9 тан аз аъзои Толибон аз листи сиёҳи Созмони милал ва озодии зиндониёни ин гурӯҳ аз зиндонҳои Афғонистон мутамаркиз аст.

Чаҳор даври музокираи ба истилоҳи сулҳи миёни намояндагони Толибон ва Амрико ба сарпарастии Залмай Халилзод дипломати амрикоии афғонтабор дар Қатар то кунун натиҷае надошта ва бо эътирози давлати Ашраф Ғанӣ мувоҷеҳ шудааст.

Давлати Афғонистон дар музокироти Доҳа намояндае надорад.