Март 03, 2019 16:32 Asia/Dushanbe
  • Идомаи фишорҳо бар намоянда – мусалмонзани Конгресси Амрико

Дар идомаи фишорҳо бар Илҳон Умар, узви мусалмони Маҷлиси намояндагони Амрико тарафдорони Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико бори дигар бо насби овезае, ки вайро террорист муаррифӣ карда буд, ба вай тавҳин карданд.

Дар ин овеза, ки бар девори Маҷлиси намояндагони иёлати Вирҷинияи Ғарбӣ насб шуда буд, Илҳон Умар ба террористҳои ҳамалоти ёздаҳуми сентябри соли 2001 ташбеҳ шуда буд. Ин иқдоми исломҳаросонаи тарафдорони Трамп боиси бурузи таниш дар маросими бузургдошти Ҳизби ҷумҳурихоҳ дар Маҷлиси намояндагони иёлати Вирҷинияи Ғарбӣ шуд, ки бар асари он ду тан захмӣ шуданд.

Ин нахустин бор нест, ки Илҳон Умар мавриди тавҳин қарор мегирад. Вай, ки пеш аз намояндагӣ низ мавозеи тунде алайҳи саҳюнистҳо дошт, бо қарор гирифтан дар ҷойгоҳи Маҷлиси намояндагон ба далели изҳори назарҳои озодихоҳона ва интиқод аз сиёсатҳои режими саҳюнистӣ, аз ҷумла ҳимоят аз ҷунбиши таҳрим ҳамвора мавриди интиқоди Трамп ва тарафдорони вай қарор гирифтааст. Илҳон Умар рӯзи гузашта бо баёни ин ки дар рӯзҳои ахир паёмҳои таҳдидомези бисёре дарёфт карда, аз ин ки аъзои Ҳизби ҷумҳурихоҳ чунин иқдомҳоеро маҳкум намекунанд, интиқод кард.

Майк Пушкин, узви демократи Маҷлиси намояндагони иёлати Вирҷинияи Ғарбӣ бо маҳкум кардани ин иқдоми тарафдорони Трамп гуфт, ин ҳаракати исломҳаросона аст.

Илҳон Умар ва Рашида Толиб  ду зани мусалмоне ҳастанд, ки дар даври ҷадид ба Маҷлиси намояндагони Амрико роҳ ёфтаанд, аммо бо оғоз ба кори онҳо на танҳо мавзеъгириҳо алайҳи ин ду намояндаи мусалмон афзоиш ёфтааст ва бисёре аз мақомоти Амрико изҳорот ва суханони онҳоро тоб намеоваранд, балки тарафдорони Доналд Трамп низ беш аз пеш ба эъмоли фишорҳои равонӣ ва таблиғоти исломситезона алайҳи онҳо рӯй овардаанд. Бо оғози даврони раёсатҷумҳурии Доналд Трамп, фаъолияти гурӯҳҳои рости ифротӣ ва нажодпараст дар Амрико афзоиши чашмгире ёфтааст ва дар айни ҳол лоббии саҳюнистии AIPAC низ ба далели ҳимоятҳои Трамп қудратмандтар дар ҷомеаи сиёсии Амрико ҳузур дорад, чуноне ки чанде пеш мавзеъгирии зиддисаҳюнистии Илҳон Умр алайҳи AIPAC низ ба шиддат мавриди ҳуҷми лобии пурнуфузи саҳюнистҳо дар Амрико қарор гирифт ва вай маҷбур ба узрхоҳии иҷборӣ шуд.

Стефен Волт, устоди Донишгоҳи Ҳарвард дар мақолае дар маҷаллаи “Foreign Policy” навишт, танҳо роҳи боқимондаи лоббиҳои тарафдори Исроил барои бақо таҳқир ва беэътибор кардани касоне аст, ки воқеиётро бигӯянд.

Рӯйкард ва иқдомоти исломситезонаи Трамп нигарониҳо дар бораи афзоиши исломситезӣ ва хушунат алайҳи мусалмонон дар Амрикоро ба шиддат афзоиш додааст. Трамп ва бархе аз сиёсатмадорони Амрико борҳо талош кардаанд, то Ислом ва терроризмро ба якдигар пайванд бидиҳанд. Дониёл Бинёмин, коршиноси сиёсии амрикоӣ дар ин замина гуфт, Трамп бештар аз он ки ба муқобила бо терроризм кумак кунад, дар ростои густариши фаъолияти террористҳо амал кардааст.

Мавзеъгирии исломҳаросона ва таҳти фишор қарор додани намоянда - мусалмонзанҳои Маҷлиси намояндагони Амрико дар ҳоле сурат мегирад, ки мақомоти Вашингтон ҳамвора дам аз озодии баён зада ва иддао доранд, ки Амрико танҳо кишваре аст, ки ҳар фард метавонад бо озодии комил ақоид ва интиқодоти худро иброз намояд.

 

Барчасп