Март 05, 2019 18:13 Asia/Dushanbe
  • Тасири манфии таҳрими Эрон бар иқтисоди Арманистон

Нахуствазири Арманистон гуфт, таҳримҳои эъмолшуда зидди Эрон бар иқтисоди Арманистон таъсири манфӣ мегузорад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Никол Пошиниён дар Кумитаи умури хориҷии парлумони Аврпуо дар Бруксел таъкид кард, барои пешрафт ва тавсеъаи иқтисодии кишварҳои минтақа, бояд ҳар чи зудтар таҳримҳое, ки Амрико зидди Эрон иҷроӣ кардааст бардошта шавад.

Нахуствазири Арманистон бо ишора ба ихтилофоти Эравон ва Боку бар сари мавзӯъи Қарабоғ низ афзуд, ҳалли ин муноқиша ниёзманди эҳтиром ба ҳаққи мардуми Қарабоғ барои таъини сарнавишти хеш аст ва ҷомеъаи байналмиллалӣ бояд дар ин замина ба мардуми минтақа кумак кунад.

Пошиниён эътимодсозиро яке аз пешшартҳои аслӣ барои ҳалли ихтилофот миёни ду тарафи муноқишаи Қарабоғ донист ва гуфт, фарҳанги гуфтугӯ, таҳаммул ва созиш бояд бар тамоми ихтилофоти мавҷуд дар Қафғози ҷанубӣ ғалаба кунад.

 

Барчасп