Дурӯғгӯии Трамп ба беш аз 9 ҳазор маврид расид
Ҳақиқатсанҷи рӯзномаи “Вашингтон-пост” беш аз 9 ҳазор иддаои ғалат ё гумроҳкунандаи Трампро аз ибтидои раёсати ҷумҳурии вай то кунун сабт кардааст.
Гленн Кесслер сардабир ва сутуннависи бахши ҳақиқатсанҷи рӯзномаи “Вашингтон-пост”, бо ишора ба ин, ки ҳақиқатсанҷ ҳарчанд ҳафта як бор барӯзрасонӣ мешавад, гуфт: То севуми март, ин ҳақиқатсанҷ адади 9014-ро барои дурӯғҳои Доналд Трамп, раиси ҷумҳурии Амрико сабт кардааст.
Кесслер афзуд: Мизони дурӯғгӯии Трамп аз ибтидои раёсати ҷумҳуриаш то кунун рӯ ба афзоиш буда, ба тавре, ки вай дар соли 2017 ба таври мутавассит ҳар рӯз 5,9 дурӯғ, дар сол 2018 ба таври миёнгин дар ҳар рӯз 16,5 дурӯғ ва дар соли 2019 то кунун ҳар рӯз ба таври миёнгин 22 бор дурӯғ гуфта ё иддаои гумроҳкунанда матраҳ кардааст.
“Вашингтон-пост” иддаоҳои ғалат ва гумроҳкунандаи раиси ҷумҳурии Амрикоро ба шакли мавзӯӣ низ дастабандӣ ва шумориш карда, ки бар асоси он, Трамп дар заминаи муҳоҷират 1688 иддаои гумроҳкунанда ё дурӯғ дошта, дар заминаи сиёсати хориҷи 1015 маврид, дар замина тиҷорӣ 939 маврид, дар заминаи иқтисод 840 бор ва дар заминаи эҷоди шуғл 815 бор дурӯғ гуфтааст.