Март 09, 2019 14:11 Asia/Dushanbe
  • Умрон Хон: Ба террористҳо иҷозаи истифода аз хоки Покистонро намедиҳем

Нахуствазири Покистон ҷумъашаб таъкид кард, Исломобод ба ҳеҷ гурӯҳи террористӣ иҷоза нахоҳад дод, дар хоки Покистон фаъолият кунад.

Ба гузориши ИРНА, Умрон Хон дар ҷамъи ҳомиёнаш дар ҷануби Покистон афзуд, давлати вай ба террористҳо иҷоза намедиҳад аз хоки ин кишвар барои ҳамла ба кишварҳои ҳамсоя истифода кунанд.

Ин изҳороти Умрон Хон чанд рӯз пас аз ташдиди танишҳо дар пайи ҳамалоти террористҳо аз хоки Покистон ба Ҳинд ва пеш аз он низ ба Эрон баён мешавад.

Даври ҷадиди танишҳо дар муносиботи Ҳинду Покистон ба дунболи ҳамлаи 14 феврали гурӯҳи террористии мавсум ба Ҷайши Муҳаммад ба нерӯҳои ҳиндӣ дар Кашмири таҳти контроли ин кишвар оғоз шуд. Дар ин ҳамлаи террористӣ 44 низомии ҳиндӣ кушта шуданд.

Пештар низ (13 феврал) як дастгоҳ автобуси ҳомили марзбонони Эрон дар ҷодаи Хош – Зоҳидон, дар устони Систон ва Балучистон ҳадафи ҳамлаи террористӣ қарор гирифт, ки дар ин ҳамла 27 нафар аз ҳофизони марзҳои Эрон шаҳид ва 13 нафар захмӣ шуданд.

Гурӯҳаки террористии мавсум ба Ҷайшуззулм масъулияти ин ҳамларо бар ӯҳда гирифт.

Афроди ин гурӯҳаки террористӣ аз хоки Покистон вориди Эрон шуда буданд.

 

 

Барчасп