Март 09, 2019 17:30 Asia/Dushanbe
  • Дастгирии густурдаи аъзои мадориси ифротӣ дар Покистон

Давлати Покистон дар иқдоми бесобиқа, ҳазорон нафар аз аъзои мадориси мураввиҷи ифротгарӣ ва созмонҳои вобаста ба онҳоро боздошт кард.

Ба гузориши хабаргузории Форс, бар асоси ин иқдом, марокизи дармонии вобаста ба мадориси ифротии Покистон низ таътил ва аъзои он дастгир шуданд.

Иқдомоти давлати Покистон алайҳи мадориси ифротӣ, маконҳо ва созмонҳои вобаста ба он, бар асоси тарҳи миллии мубориза бо терроризм анҷом мешавад.

Шоҳмаҳмуд Қурайшӣ, вазири умури хориҷаи Покистон дар ин замина гуфт: “Барои иқдом алайҳи мадориси ифротӣ аз соли 2014 тасмимгирӣ шуда буд, вале ин мавзӯ акнун иҷроӣ шудааст”.

Дар шаҳри Лоҳур, маркази иёлати Панҷоб беш аз 60 нафар аз аъзои ин мадорис дастгир шуданд ва 16 мадраса вобаста ба “Лашкари Тайиба” ва “Ҷамоат ул-Даъва” таътил шуд.

Дар шаҳри Карочӣ низ Созмони авқофи Покистон контроли мадориси диниро ба даст гирифт ва давлати Иёлати Синд низ аз таътил шудани 10 мадрасаи мураввиҷи ақоиди ифротӣ дар ин аёлат хабар дод.

Давлати Покистон аз волидайн дархост кард, ки фарзандони худро барои таҳсил равонаи ҳар мадрасае накунанд ва дар ин замина диққати лозимро дошта бошанд.

Дастгирии густурдаи аъзои мадориси ифротӣ дар Покистон

Барчасп